Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рӯзҳои охири моҳи апрел буд. Табиат ба либоси сабз печида буд. Дар теппаҳои атроф сабзаву гулу лолаҳо мисли пари товус рангоранг тобиш медоданд.
Қуллаҳои кӯҳҳои баланд, ки ҳанӯз бо барф пӯшида буданд, дар шӯълаи беғубори офтоби оламтоб тобиши аҷаб дилрабое доштанд.
Ин беҳтарин, зеботарин фасли сол аст, ки пойтахти кишвари тоҷикон – Сталинободро мисли наварӯсон оро медиҳад. Майдони чоркунҷаи шаҳрчаи ҳарбии қисми полковник Тополев ҳам дар рӯ ба рӯи ҳамин манзараҳои дилкушою дилчаспи самти шимолу шарқии шаҳр воқеъ буд. Дар се тарафи майдон ҷанговарон ҷорқаторӣ саф ороста, озод рост меистоданд.
Дар рӯ ба рӯи онҳо мошини боркаши сетоннагӣ меистод, ки дар саҳни девораш кушодаи вай қолини сурх партофта, дар миёнҷои он минбаре гузошта шуда буд.
– Смирно! Рӯ ба сӯи байрақбардорон!
Ин садо тамоми майдонро фаро гирифта, ҳамаро якбора хомӯш карду ба ҳолати низомӣ овард. Аз паси ин амр, дастаи мусиқачиён, ки дар тарафи рости саф меистод, марши тантанавӣ навохт. Дар зери оҳанги тантананоки мусиқӣ як ҷанговаре дар ҳолате, ки бо ду даст байрақи сурхи махмалинро баланд мебардошт ва дар ду паҳлӯи вай ду ҷанговари дигар, ки ба сари синаашон автомат овехта буданд, бо қадамҳои низомӣ ба миёнҷои майдон омада истоданд.
Насими баҳор байрақро ҷилва медод. Ҳар боре ки байрақ ҷилва мекард, ба садҳо чашмоне ки ба сӯи он дӯхта шуда буданд, хати заррини ба рӯи махмал навишташуда намоён мегашт, ки онро гӯё ҳама баробар хомӯш вирди забон мекарданд:
– Марг ба фашистони истилогар!
Ин рӯз – арафаи ба сӯи майдони ҷанг сафар кардани қисми полковник Тополев буд.
Баъд аз қабули гузориш фармондеҳи саф ва салому алейк бо ҷанговарон, фармондеҳи қисм полковник Тополев, комиссар Калонзода, ду-се афсари дигар ба назди мошини орододапшуда рафтанд.

пешина
аз 333
навбатӣ