Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Аз байн як-якуним соат вақт нагузашта, Осмухин иллати тракторро дуруст карду боз ба назди рули трактор баромад. Мария дастаи моторро чарх дод.
Садои пурзӯри трактор баланд шуд. Аз байни ин садо «Офарине, устои ҳунарманд» гӯён овоз баровардани Юнусбобо базӯр ба гӯш мерасид. Осмухин тракторро ба хатти замине, ки як тарафаш шудгор карда шуда буд, рост карда пеш ронд. Аз қафои трактор Сафар, Мария ва Юнусбобо ҳам калон-калон қадам ниҳода, замини бо дандони тези плугҳо рӯгардон шудаистодаро аз чашм мегузаронданд. Моҳ аз оғӯши абрҳо баромада бо шӯълаи беғубори худ тамоми саҳроро рӯз барин равшан мекард.
Ҳангоме ки Осмухин тракторро як давр занонда, ба ҷои аввалааш оварда истод, Юнусбобо ба китфи ӯ навозишкорона даст зада гуфт:
– Раҳмат, рафиқ командир, ҳазор раҳмат, олам гулистон. Писарам Сафар, ба ин рафиқ гӯед, ки аз ҳамин замине, ки ҳоло қадами неки ин кас расид, Худо хоҳад, ду баробар зиёд ҳосили пахта мерӯёнем.
Сафар ба Осмухин фаҳмонд.
– Бисёр хуб, дар хотир нигоҳ медорем, – ҷавоб дод Осмухин.
– Акнун ба хонаи мо ҳам як сари қадам марҳамат мекунетон, – таклиф кард Бобо.
– Дер шуд, саҳар ба роҳ баромадан лозим, – розӣ нашуд Осмухин, – ҳоло рафта аз ҳолу аҳволи дигар бачаҳои рота ҳам хабар гирифтан даркор.
– Метавонед ҳамаи аскарбачаҳоро ҳам ҳамроҳ гирифта биёед, – гуфт Юнусбобо бо ҳимматбаландӣ ва меҳрубонона ба гап давом карда, – ҷоямон тангӣ кунад, аз диламон ҷой медиҳем додарам.
Осмухин хандакунон ҷавоб гардонд:
– Худамон бас набудем, ки боз ҳамаи рота?
– Ҳамаатон – нури дида, тоҷи сари мо. Шумо ҷонбозонро ба сар набардорем, боз киро мебардорем...
Сафар аз тарафи чап, Осмухин аз тарафи рости паҳлӯи Юнусбобо аз палҳои шудгоршудаи саҳро баробар пой ниҳода бармегаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё