Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Маники плохой барончук, да? – мепурсид Осмухин гӯё ба забони тоҷикӣ гап задагӣ барин, ҳамон рӯзро ба хотир оварда.
– Чаро плахой, – гуфт Умрихола ва гӯё Осьмухин дар забони ӯзбекӣ гапи ӯро хуб мефаҳмида бошад, дусе калима ӯзбекӣ ҳам гап зад, – саники бисёр яхши болакай, командирҷон. Саники марҷон ва баранчук бор?
Осмухин гӯё аз ҳаракату ишораҳои Умрихола чӣ гуфтани ӯро фаҳмида, бо табассум сар меҷунбонд ва баъди гапи модари худро тарҷӯма кардани Сафар, ба ӯ ташаккур хонда, духтарча, зан, модар доштани худро гуфта, сурати онҳоро ҳам аз кисааш бароварда нишон дод.
Баъди хӯрок хӯрдан ва хеле чақ – чақ кардан, Осмухин аз ҷояш хеста, Юнусбобо ва Сафарро таклиф кард, ки ҳамроҳ ба сари трактори вайроншуда раванд. Бобо ҳам розӣ шуд ва бо Осмухин берун баромад. Аз паси онҳо Сафар ва Зебӣ ҳам аз ҷояшон хестанд. Зебӣ дар назди остонаи дари хона ба Сафар гуфт:
– Мувофиқи ваъда дар мактаб мунтазири шумо мешавем-а, муаллим?
– Албатта, дар бозгашт аз саҳро медароям, – ҷавоб дод Сафар оринҷи Зебиро дошта.
– Боз ба ваъда хилоф нашавад? – пурсид бо шӯхӣ Зебӣ.
– Бовар дошта бошед, ки Сафар танҳо ба ваъда вафоро медонаду бас, – бо як ғурури ботинӣ гуфт Сафар.
Баъд ҳар ду берун омаданд. Моҳи сездаҳрӯза гоҳ ба зери абр монда, гоҳ озодона сайр карда ба олам равшанӣ медод. Аз тарафи кӯҳ шаббода мевазид. Зебӣ ба тарафи мактаб рафт. Бобо, Осмухин ва Сафарро аз пайраҳае, ки лаб – лаби ҷӯй мерафт, роҳнамо шуда ба саҳрои васеъ баровард. Аз ҳафтсад – ҳаштсад метр дурӣ сиёҳии трактор намудор шуд. Осмухин дигар ба роҳбаладии Бобо нигоҳ накарда, аз ҳама пеш гузашта, калон-калон қадам мепартофт. Вай аз Сафар ва Бобо сӣ-чил қадам пештар ба сари трактор омада, аз тракторчизан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё