Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Юнусбобо бо Осмухин ҳам даст дода салом алейк карду баъд ба сӯи дар ишора намуда, ба Сафар оҳиста хабар дод:
– Меҳмони дигарро ҳам пешвоз гиред.
Сафар ба сӯи дар нигоҳ кард. Аз он ҷо қади мавзуни Зебӣ намудор шуд, ки вай бо чеҳраи шоду хандон зудзуд қадам ниҳода меомад. Сафар ба пешвози ӯ шитобид.
– Салом, муаллим, – бо ҳаяҷон мулоқот мекард Зебӣ ва дасти Сафарро сахт фишурда чашм аз рӯи ӯ намеканду такрор-такрор мегуфт: – Хуш омадед, муаллимҷон, хуш омадед.
Умрихола меҳмонро ба нишастан таклиф намуда, ҳар замон ба чеҳраи Сафар нигоҳ карда мемонд.
– Ҳа, хоҳар, як-ду сол надидагӣ барин ин қадар ба рӯи писаратон нигоҳ мекунед? – гап партофт Юнусбобо.
– Бечора бачаам худашро боз хело гирондааст, минбаъд ба ин хизмати вазнин чӣ хел тоб меоварда бошад? – бо ҳасрат гуфт модар ва дар чашмони ӯ ашк ҷӯшид.
– Ана халос, – таъназанон гуфт Юнусбобо, – зиёфати меҳмондорӣ магар ҳамин оби дида шуд акнун.
Сафар ва баробари вай Зебӣ, Осмухин хандиданд.
– Беҳуда худатонро зиқ накунед, модар. Сафар дар ротаи мо яке аз бачаҳои ба ҳар сахтӣ тобоварандатарин аст.
Ин гапи Осмухинро қувват дода Юнусбобо гуфт:
– Ба чеҳраи писаратон ашкатонро пок карда дурусттар нигоҳ кунед, кампир, ман ӯро дида, пӯлоди дар қӯраи оҳангар обутобёфтаро ба хотирам овардам.
– Ҳеҷ набошад, шумо, Зебӣ, ба ин модари ҳамеша гиряолуди мо гапро мефаҳмонед... – хоҳиш кард Сафар ба сӯи духтар маънидорона нигоҳ карда.
Умрихола аз кори кардаи худ хиҷолат кашида, зуд ашкашро пок карду аз ҳозирон табассумкунон узр хост ва барои дастархон берун рафт.
– Дили шумо хиҷил нашавад, муаллим, – бо овози мулоим ҷавоб дод Зебӣ, – оча ҳоло дар ин ҷо ҳамин хел, дар кор бошад, насиҳатгӯю маслиҳатдеҳи ҳама ҳамин кас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё