Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар ман дар синни ту мешудам, эҳе, ҳамин вақт чӣ корҳо, ки намекардам. Охир, ҳозир дар дунё ду чашми ҳама ба шумо барин бачамардони забардаст дӯхта шудааст. Ана бачаҳои аз қишлоқи мо рафтаро бин. Дар кӯчаи Сталинобод гарданд, мардум аз тамошои онҳо сер нашуда, фақат офарин мехонанд.
– Рост, рост, хуб гуфтед, – гӯён Мирбадал аз ҷояш хест, – хайр, ҳар чӣ аз мо гузашта бошад, мебахшанд.
Маслиҳатҳои хуб додетон, минбаъд корамонро аз рӯи ҳамин дониста мекунем, албатта.
– Худам ҳам пасфардо ба военкомат меравам, мефаҳмам, – гӯён Мамараҷаб ҳам ба асо такя карда аз ҷояш хест.
– Ҳа, аввал худатро ба духтур нишон деҳ, бародар, – гӯён Одил Саркор гап зад, – ду-се рӯз дам гир, муолиҷа кун. Агар қонунӣ ҷавоб диҳанд, ана сонӣ гап дигар.
Шодмонов онҳоро то дари баромад гусел карда гуфт:
– Панду насиҳати мо ба фоидаи туст. Коре кун, ки ба таънаи дигарон намон.
Мирбадал гуфтаҳои Шодмоновро тасдиқкунон аз қафои Мамараҷаб берун баромада, ҳар ду ба сӯи ҳавлӣ роҳ гирифтанд. Дар роҳ Мирбадал боз фикри Мамараҷабро бо фитнаю иғвоҳои нав пур мекард:
– Нагуфтам, ҷиянам. Ин ҳамааш кори ҳамон ошиқу маъшуқҳо ва тарафдорони онҳо. Дидед, аз аввал то охир рангу рӯи шуморо дида истода, фақат хизмати аскариро гап заданд. Як «хезед, ҳозир боратонро бардошта ба ҷанг равед» нагуфтанду бас.
– Ман ҳам гуфта будам-ку, масъалаи духтаратон ҳам касро ба бало мемононад, – илова кард Мамараҷаб.
– Духтарам баҳона шуда, гапу ҳарфи ба аскарӣ нарафтани шумо шуд.
– Коре карда як рафта наоям, намешудагӣ барин.
– Канӣ пагоҳ – фардо район равем, дар военкомат будагон чӣ мегуфта бошанд, баъд ба тақдир тан дода, роҳи дигарро ҷустуҷӯ мекунем, ҷиянам...
Аз мобайн як ҳафта нагузашта Мамараҷабро бо супориши комисариати ҳарбӣ дорую дармон карда, пештара барин ба рангу рӯ дароварданд ва ба по гузоштанд.

пешина
аз 333
навбатӣ