Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ба чӣ бало мемонем? Духтар духтари ман аст, хоҳам мехононам, хоҳам ба шавҳар медиҳам. Чӣ, акнун оё духтарам ҳам пошшогӣ шуд? – Мирбадал ин суханҳоро бо як хашму ғазаби фавқулода мегуфт ва дар ҷумлаи охирини вай ифодаи алами кӯҳна ҳам буд.
Ба Барнои ақлу ҳушаш расо, бафаҳм ва ҳамеша хандон ин «орзуи2 падараш чун санге буд, ки ногаҳон ба чашм омада зада бошад. Ашкҳои беихтиёр аз чашмони ҳалими вай ҷоригашта, рухсори аз оташи алам тафсидаашро тар мекарданд. Вай дар хамин вазъият ба назди муаллимаи худ Зебӣ давида рафт ва гирёну нолон аз вай илтиҷо кард, ки ба ин кори падараш ҳаргиз роҳ надиҳанд, ӯро аз хондан маҳрум накунанд.
– Зебӣ – ҳамчун сарвари мактаб, худи ҳамон рӯз ин гапро ба раиси деҳшӯро, раиси колхоз ва котиби ташкилоти ҳизбӣ колхоз хабар дода, дар бораи мудофиа кардани талабу ҳуқуқи толибаи худ ба онҳо хати расмӣ ҳам навишт.
Рӯзи дуюм аз рӯи ҳамин масъала Мирбадал ва Мамараҷаб ба идораи деҳшӯро даъват карда шуданд.
Раиси деҳшӯро Шодмонов, ки марди миёнсоли ба ришу мӯйлабаш сафедӣ афтода буд, дар пеши мизи кори худ бо қиёфаи ҷиддӣ менишаст. Дар паҳлӯи рости вай Одил Саркор ҳам буд.
– Шумо зан гирифтанӣ ё ба аскарӣ рафтанӣ, Мамараҷаб? – пурсид Одил Саркор.
– Аз афташ, ҳар дуяш ҳам баҷо оварда мешавад, – гуфт Шодмонов аз зери абрувони ба болои чашм хамидааш нигоҳ карда.
– То ба аскарӣ рафтан орзую ҳавасаш шиканад гуфта будем, раис, – ҷавоб дод Мирбадал.
– Аҷаб вақти орзу – ҳавасшиканиро ёфтед, – гуфт Шодмонов. – аввало ҳамин ки орзу – ҳавас гуфта қонуни ҳукуматро поймол карда намешавад, чунки духтаратон ҳоло ба балоғат нарасидааст, дуюм ҳамин ки Мамараҷабро ҳоло ҳеҷ кас аз хизмати аскарӣ тамоман ҷавоб надодааст.
– Ҳукумат ин касали нимҷонро чӣ кор мекунад? – гуфт Мирбадал ба афти дар изтироб будаи Мамараҷаб ишора карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё