Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сафар ва баробари ӯ Зебию Юнусбобо аз ин гапҳои Умрихола механдиданд.
– Нобурда ранҷ ганҷ муясар намешавад, гуфтаанд, хоҳар, – ҷавоб дод ба нолиши модар Юнусбобо, – ба Сафар чӣ шудааст, камтар гӯшт фуроварда бошад ҳам, рангу рӯяш нони ширмол барин. Албатта хизмати аскарӣ осон не, лекин дар ин кор то сахтиро набинӣ, намепазӣ.
– Дили модар аз шиша ҳам нозуктар мегӯянд, рост аст. – Ба гапи Юнусбобо ҳамроҳ шуд Сафар ва ба модараш хитобан гап зад. – Чӣ, ту мехоҳӣ, ки мисли духтари хона соле дувоздаҳ моҳ аз пеши чашмат дур нашавам?!
– Ту чӣ медонӣ, ки очат дар чӣ хаёлу ғам, – боз оби чашм кард Умрихола.
Сафар гоҳ хандида, гоҳ ба қаҳр омада гап мезад.
Юнусбобо ба ҳар ду тараф ҳам насиҳат медод.
Охир, Зебӣ, ки то ҳол ба рӯи Сафар чашм дӯхта, сурати ҳамаи ҳаракату гапзаниҳои ӯро мисли рассоме ба дилаш мекашид, ба гап ҳамроҳ шуд:
– Оча, монед акнун, беҳуда дили муаллимро хиҷил кардан чӣ фоида.
Умрихола дид, ки чор-панҷ кас ба вай чашм дӯхта истодаанд, худаш ҳам хиҷолат кашида, бо нӯги қарси сафедаш ашки чашмонашро пок карда гап зад:
– Гӯр оби дидаи ман ҳам шавад, ҳамин вақтҳо гап ки ду шуд, даррав дар милки чашм ҳозир. Хайр, ба гап овора шуда, ин тугунчаро ҳам накушодаем.
Зебӣ рӯймоли чоркунҷаи дар дарунаш чизу чора басташударо ба пеши Сафар дастархон карда кушод.
Дар рӯймол себ, ангур, мавиз, чормағз, гӯшти яхнӣ ва нони фатир буд. Аз ҳама аввал диққати Сафарро бӯи хуши себи тирамоҳӣ ба худ ҷалб кард. Ин ҳосили ҳамон ниҳолҳои боғчаи мактаб буд, ки дар шинондан ва парваридани онҳо Сафар ҳам иштирок дошт.
– Боғчаи мактаб ҳам хуб себҳо дорад-а, Бобо? – пурсид Сафар як донаи онро ба даст гирифта.
– Меваи меҳнати худатон, писар, – ҷавоб дод Юнусбобо, – аз талабаҳо ба мудирамон савғо гуфта муаллима оварданд.

пешина
аз 333
навбатӣ