Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зебӣ ба Умрихола чӣ гуфтани фармондеҳро фаҳмонд ва худаш ҳам таъкид кард, ки дар кӯча гап задан хуб нест. Умрихола якравӣ карда ба Зебӣ ман – манӣ карда ҷавоб гардонд:
– Ба вай гӯед, фарзанди худам, дар кӯча-мӣ, дар хона-мӣ, куҷое ки хоҳам, гап мезанам. Акнун аскар шуд гуфта магар аз модараш ҳам рӯ гардонад? Ман зоида калон намекардам, чӣ мекард?
Онҳо бо ҳамин машмаша аз қафои саф то пеши дари шаҳрчаи ҳарбӣ омаданд. Пеши дарвозаи шаҳрчаи ҳарбӣ ва суфаю чорпояҳои чойхонаи сурхи аскарӣ, ки дар зери дарахти тути рӯ ба рӯи дарвоза буд, аз зану мард пур буд. Ҳамаи онҳо имрӯз – бегоҳии якшанбе ба мулоқоти писару додар, ёру бародари дар хизмати аскарӣ будаи худ омада буданд.
То ба самти ғарб гашт кардани офтоб ҷанговарони ҷузвитомҳо аз машқи саҳроӣ баргашта омада хӯроки гаштирӯзиро қабул карда, баъд аз он, бо иҷозати фармондеҳон ба мулоқоти хешу таборҳои худ баромаданд.
Сафарро аввало Зебӣ, ки дар рӯ ба рӯи дари баромад истода буд, пешвоз гирифт. Вай баъд аз даст дода салом алейк кардан ӯро ба чойхона, ба назди модараш ва Юнусбобо бурд.
– Очакат садқа ба хоки поят, – гӯён Умрихола аз бӯсидан ва ба сари сина зер кардани Сафар даст намекашид.
– Ба мо ҳам навбат расад, хоҳар! – гуфта Юнусбобо Сафарро аз оғӯши Умрихола ба сӯи худ кашола кард ва дарҳол худаш дастҳояшро ёзонда ӯро ба бағалаш гирифт. – Бале, писар, бале... Олам гулистон...
Модари Сафар, баъд аз пурсупос, аз қиёфа ва қаду басти писараш чашм наканда, хомӯш гиря мекарду мегуфт:
– Аз ҳафтаи гузашта худатро боз хело коҳондаӣ, бача, биё, мон, ихтиёр карда омадӣ, боз ихтиёр куну рав.
Худат ҳам дока барин тунукпӯст. Ҷисму ҷонат ба ин хел кори вазнин дошт намедиҳад.

пешина
аз 333
навбатӣ