Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Дар наҳорӣ хӯрокро камтар хӯрда будем аз афташ, – гуфт Дадабой ҳарсасзанон ва дасти Нозирро сар дода илова кард, – худат ҳам буз барин чандир будаӣ-дия.
– Одам бо даҳанкалонӣ Рустами Достон шудан намегирад, бачамард, – ҷавоб дод Нозир сарулибосашро ба тартиб оварда, – зӯр даркор, зӯр!
– Зарар надорад, «мардро дар майдон бин» гуфтаанд, ба майдони ҷанг наздиктар равем, ана дар ҳамон ҷо маълум шуда мемонад, – ҷавоб дод Дадабой аз даъвои худ пас нагашта.
Ҳамин тариқ, танаффуси ҷанговарон бо шӯхию бозӣ ба охир расида, баъд боз як-ду соати дигар давоми машқ шуда гузашт.
Қариби бегоҳ ҷанговарон саф ороста ба сӯи қисми худ роҳ гирифтанд. Ҳамин, ки онҳо аз кӯчаи Ленин гузашта ба тарафи шаҳрчаи ҳарбии худ бармегаштанд, чашми Сафар ба модараш ва Юнусбобою Зебӣ афтод.
Онҳо баробари ҷанговарон аз пайраҳа мерафтанд.
Сафар онҳоро дида боз ҷиддитару далертар қадам мениҳод.
Модари Сафар Умрихола писарашро дар сарулибоси низомӣ дида ҳам ба ҳаяҷон меомаду ҳам ифтихор менамуд.
– Ҳо, писараки шераки оча, салом!
Сафар ба сӯи модараш як назар карду дигар чизе нагуфта боз ба пеш нигоҳ карда бардам пой мондан гирифт.
– Ҳо, Сафари оча, садқа, магар маро намебинӣ, намешунавӣ?
Мардум ҳама ба Умрихола нигоҳ карданд. Фармондеҳи взвод, ки аз канортари кӯча қадам мепартофт, бо ҳайрат як ба Умрихола ва як ба взвод нигоҳ карда монд. Аз взвод касе диққати худро вайрон накарда қадам мезад. Умрихола ба пешгирии Юнусбобою Зебӣ эътибор надода, ба Осмухин наздиктар омаду бо чеҳраи пурифтихор ба вай гуфт:
– Азони ман баранчук, ҳу Сафар.
– А-а-а, нағз, бисёр нағз, – гӯён русӣ ҷавоб дод Осмухин ва ба Сафар, ки гӯё аз ҳеҷ чиз бехабар буда, бо қиёфаи ҷиддӣ пой мениҳод, чашм партофт ва ба модар ҷавоб дод, – ҳозир мумкин нест, баъд гап мезанем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё