Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

худро пок карда, ба Нозир гап партофт:
– Карнайи радио барин гӯш дорӣ, боз карии туро бин.
Ҷанговарон ханда бардоштанд. Нозир ҳам ҷавобан ба Дадабой гуфт:
– Агар мабодо ба пеши микрофони радио баромада аз ҳамин сӯрт сулфаҳо камтарашро сар диҳӣ, бемуҳобот, карнай – парнайро кафонда мепартоӣ, бачамард...
Боз ханда баланд шуд. Баъд Сафар ҳамаро ба хомӯшӣ даъват карда, давоми ахборотро хонд.
Баъд аз хонда шудани ахборот, боз овози Нозири камаровӣ баланд шуд.
– Ист, ки рафиқ, ба мо ҳам навбат меомада бошад, то ки мо ҳам аз қатор намонда, зӯрамонро бисанҷем? – боз пурсид Нозири камаровӣ.
– Навбат албатта меояд, камаровӣ, нағз тайёрӣ бин,
– гуфт Сафар.
– Канӣ, кошкӣ ҳозир маро ба ҷанг дарорад, – гуфт Дадабой бо овози шамолхӯрдаи худ калонгирона, – граната ғурронда, милтиқ андохта, то даҳпонздаҳтаашро ба зери поям гирифта маҷақ накунам, хотирҷамъ намешудам...
– Ҳай, ҳай, – гуфт Нозир бо ду дасташ китфи Дадабой ба авҷ омадаро зер карда, – зӯратро беҳуда сарф накун, даркор шуда мемонад.
Дадабой ҳамон замон ду дасти Нозирро маҳкам дошту аз ҷояш ҷаҳида хест ва мехост ӯро дар ҳамин ҳолат ба замин хобонда, пахш кунад. Лекин Нозир ҳам бо чусту чолокӣ ду китфи Дадабойро маҳкам дошта, ба ҷидду ҷаҳди вай муқобилат нишон дод. Ҷанговароне, ки дар гирдогирди онҳо давра гирифта буданд: «Канӣ, канӣ, кӣ зӯр, кӣ ба гӯштингирӣ усто» гӯён онҳоро ба ҳамдигар тез мекарданд. Дадабой ҳарчанд зӯр занад ҳам, Нозирро ба китфаш гирифта натавонист. Онҳо дар хамин ҳолат барои афтондани якдигар хеле зӯр заданд, вале нашуд. Ба болои ин гӯштингирӣ Осмухин расида омада, вай ҳам талоши зӯрнишондиҳии он ду ҷанговари худро бо мароқ тамошо карда, гуфт:
– Ҳар дуятон ҳам нимҷон ҳастед.

пешина
аз 333
навбатӣ