Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сафар ба сӯи Зебӣ нигоҳи пурмеҳре кард. Зебӣ шармгинона сарашро пойин фуроварда, давоми сухани Юнусбоборо гирифт:
– Муаллимон, талабагон, ҳамаашон пурсида фиристоданд.
– Саломат бошанд. Корҳои мактаб, хонданҳо чӣ хел?
Аз Зебӣ пештар Юнусбобо ҷавоб дод:
– Олам гулистон, хотирҷамъ бошед. Мудира мисли худатон корҳоро сад фоиз нағз бурда истодаанд.
– Ин қадар ҳам не, – хоксорона гуфт Зебӣ, – ҳанӯз ҳам ҷои шумо холӣ.
– Рост,рост, – фикри Боборо қувват дод Умрихола,
– духтарам хеле бадаступо. Хурду калон таъриф мекунанд.
– Бовар мекунам, албатта, – тасдиқ кард Сафар ва аз ин таърифи рӯ ба рӯ хиҷолат кашидани Зебиро пай бурда, гапро аз дигар ҷо сар кард. – Дар колхоз чӣ гапҳои нав, кори худи шумо чӣ хел, Бобо?
– Кори мо як зарраи кори умум. – Бо хоксорӣ гуфт Бобо ва ҳамаи таърифро ба унвони аъзоёни бригадаи худ гардонд. – Ана, якта зарбдорамон волидаатон, плани ғӯзачинӣ ва ғӯзатозакуниро аз сад фоиз зиёд иҷро карданд. Ин кас дар пеши шумо оби чашм мекунанду дар кор бошад, олам гулистон, лочин барин.
Планҳои колхоз ҳам аз пахта сар карда то ғаллаю сабзавот, бекамукост ба ҷояш расонда шуд. Худо хайру барака ва умру ҷони роҳбарони колхозро диҳад, ҳаминҳо ба хаёлам на шаб ором мегиранд на рӯз. Ҳар вақт, ки бошад, ба ҳар кор ҳозир. Пурсед – «Ҳоло вақти дамгирӣ не» мегӯянду тамом.
– Аз Ҷӯйбор боз киҳо ба аскарӣ рафт? – савол дод Сафар.
– Ҳоло ҳозир ғайр аз шумоён дигар ҳеҷ кас, – ҷавоб дод модари Сафар сухани «ғайр аз шумоён» – ро бо як оҳанги махсус таъкид карда.
– Баъд аз шумоҳо Мамараҷаб рафтанӣ буд, – илова кард Юнусбобо, – намедонам, рост ё дурӯғ, мегӯянд, ки касал гуфта боз панҷ-шашрӯза ҷавоб гирифтааст.
– Касал-пасал не, хирс барин. Аслан як хел одамҳо ҳилаашро меёбанд, – Умрихола бо ҳасад гап зад.

пешина
аз 333
навбатӣ