Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
БОБИ ҲАШТУМ
Ҳамон рӯзҳое ки дар остонаҳои пойтахти Ватани шӯроӣ – Москав ҷангҳои сахти хунин бар зидди фашистон давом мекард, аз Москав, аз Кремл фармон омад, ки мувофиқи талаби халқ дар ҷумҳуриҳои миллӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон қисмҳои ҳарбии эҳтийтии миллӣ ташкил дода шаванд. Аз мобайн бисёр вақт нагузашта ҳазорон – ҳазор ҷавонмардони тоҷик – коргарон ва колхозчиён, хизматчиён ва ҳунармандон, ходимони санъат ва муаллимон касбу кори худро мувақкатан тарк карда, ҷанговари ҳамин қисмҳои миллии Армияи Сурх шуданд.
Яке аз он ҳазорҳо тоҷикписарон, ки касбу кори худро мувақкатан тарк карда, ҷанговарони Армияи Сурх шуда буданд – муаллими қишлоқи Ҷӯйбор Сафар Одинаев буд.
Ҳоло ӯ қиёфаи дигар дошт. Дар тан либоси хокиранги ҳарбӣ, дар сар телпаки ситораи панҷгӯшадор, дар по мӯзаи солдатӣ, дар китф милтиқ дошт, бо тасма миёнашро таранг баста, низомӣ қадам мениҳод. Дар боду ҳавои кушод, дар зери офтоби тирамоҳӣ аз пагоҳ то бегоҳ машқкунӣ рангу рӯи ӯро ҳам тағйир дода буданд. Пусти рӯяш сияҳтоб ва худаш аз аввала лоғартар менамуд. Рост аст, ки ҳар кас, ки Сафарро аз рӯзи ба аскарӣ рафтан ин ҷониб аввалин бор медид, ӯро дарҳол шинохта ҳам наметавонист. Ҳаёту хизмати ҳарбӣ ӯро чи ботинан ва чи зоҳиран хеле тағйир дода буданд.
Рӯзе командири қисм, марди қадпасти синну солаш қариб ба панҷоҳ расида, ки рутбаи полковникӣ дошт, дар аснои шахсан аз назар гузаронидани машғулияти тактикии ҷузвитомҳо ба Сафари сангар кандаистода рӯ ба рӯ омад. Сафар мувофиқи талаби низомнома ба замин дароз кашида, дар даст белча, чашмашро аз атроф наканда, замин меканд. Дастони ӯ чусту чолокона кор карда, хоки ҳар бор ба рӯи белча омадаро ба пеши окоп ва ба ду паҳлӯяш мепартофт.Аз байн панҷшаш дақиқа вақт нагузашта, Сафар сангари худро тайёр карду баъд белчаашро ба халтачаи ба миёнаш буда андохт ва ҳамон замон мили милтиқашро ба хоктӯдаи пеши сангар монда, бодиққат чизеро ба нишон гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё