Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Мирбадал дар орзуи он, ки ақаллан дар колхоз ба ягон мансаби мувофиқи табъ соҳиб хоҳад шуд ва махсусан бо мақсади он, ки худро дар пеши мардуми деҳа шахси «боваринок» нишон диҳад, бо боғу чорвояш яке аз аввалинҳо шуда ба колхоз нависонд.
Он орзую мақсади ӯ ҳам аз ҷояш набаромад. Аз байни деҳқонони деҳа барои он корҳое, ки Мирбадал талабгори онҳо буд, одамони аз Мирбадал ҳам ӯҳдабаротар, боидроктар расида буданд.
Барои Мирбадал фақат ба даст каланд гирифтан монда буд. Аммо касе, ки як умр теша ба даст нагирифтааст, каландро чӣ гуна кор мефармояд? Ҳамин тавр ӯ аз боғу чорво даст кашида, якчанд вақт дар рноҳия, сонӣ дар деҳаҳои дигар мудири анборҳои гуногуни кооперативӣ ва баъд мудири магазин шуда кор кард. Баъд, як сол пеш аз ҷанг боз ба Ҷӯйбор мудири дӯкони ҷамъияти матлубот шуда омада буд.
Ин аст саргузашти мухтасари Мирбадал. Бинобар он кайҳо боз дили ӯ бо зардоби кинаю адоват пур шуда буд. Ин зардоб ва кинаю адоват нисбат ба сохти шӯроӣ, ки дар ботини ӯ маҳкам ҷойгир шуда буд, ҷисму ҷони ӯро кирм барин мехӯрданд, азоб медоданд.
Мирбадал, ки дар вақтҳои даҳанкалони деҳа буданаш гардани кӯтоҳ, рӯи гирдаи сергӯшт ва шиками равғанзеркарда дошт, ҳоло чашмони ба косахонааш чӯкидаи бенур, бадани лоғар ва афти дурушти ҳамеша ғазаболуд дошта, ба касе ҳамроҳ намешуд, камгапи дамдузд буд.
Вай то ин дам гоҳо ба босмачигарӣ, ба хуруҷи кулакон дар вақти коллективонидан, гоҳо ба Иброҳимбек ва ғоратгарии ӯ умед мебаст. Лекин аз ҳеҷ кадоми онҳо баҳравар шуда натавонист. Акнун, ҳамлаи олмониҳои истилогар ва муваффақиятҳои ҷангии муваққатии онҳо ба Мирбадал боз ҷон дароварда буданд.
Мирбадал мехост ҷияни худ Мамараҷабро низ ба паҳлӯяш гираду баъд ба воситаи вай мақсадҳои сиёҳи худро боз васеътар ба амал барорад. Ин буд, ки вай ҷияни худро бо «ғамхорию меҳрубонӣ»-ҳои маккорона ба роҳи тираю тор кашола мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё