Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯро дар водии Ҳисор ҳанӯз дар солҳои ҳукмронии амири Бухоро медонистанд. Вай яке аз ҳамон ним фоиз аҳолии бохату саводе буд, ки дар он замон тамоми Тоҷикистон надошт. Падари ӯ дар Бухоро ва Ҳисор замин ва мулки бисёр дошт, ӯро аз хурдӣ бодиққат хононда буд. Вай дар синни бистсолагӣ савдогариро касб карда, аз Бухоро ба Ҳисор, аз Ҳисор ба Шаҳрисабзу Самарқанд рафта меомад. Ҳамон соле, ки истибдоди амири Бухоро торумор гардид, Мирбадал худро аз мавҷу тӯфонҳои замони нав ба канор кашиданӣ шуда, дар Ҳисор монду дар ин ҷо ба кораш машғул шуд.
Дар аввалҳои Ҳокимияти Советӣ дар Бухорои Шарқӣ Мирбадал барин хату саводнокҳо ҳамчун одами маданӣ, донишманд дар байни мардуми бесавод эътибори калон доштанд.
Аз ҳама аввал инро худи Мирбадал мефаҳмид. Бинобар ин ӯ фурсатро аз даст надода, бо мақсади он, ки барои ояндаи худ заминаи соз тайёр кунад, худро ба хизмати Ҳокимияти Советӣ зад, яъне раиси совети қишлоқи Ҷӯйбор шуд.
Мирбадал ин амалро такягоҳи якумрии худ умед кард. Вай худ ба худ боварӣ дошт, ки дигар аз байни ин одамони авому пойлуч шахси ба вай баробар ёфт нахоҳад шуд.
Аммо ин ҳама хаёли хом буд. Чуноне ки боғбонон ба ҷои дарахтони солхӯрдаи камҳосил сол аз сол ниҳолони нави боз серҳосилтар ва меваҳояш сершираро тарбия карда, ба воя мерасонанд, Ҳукумати Советӣ ҳам сол то сол аз байни худи халқи меҳнаткаш ва фарзандони онҳо – ходимон, коркунон ва роҳбарони лаёқатноку кордонро ба камол расонд, ки дигар ба Мирбадал барин «мирзо» – ҳои аз «охури баланд емхӯрда»
эҳтиёҷ намонд.
Мирбадал аввал раисии ҷамоаро аз даст дода, ба котибии он фуромад. Ба ин вазифа ҳам дере наистода, агенти андозчини шӯъбаи молия шуд. Дар ин солҳо дар баробари тамоми мамлакат, дар Ҷӯйбор ҳам хоҷагиҳои яккадаст ба дастҷамъона кор кардан қарор доданд.

пешина
аз 333
навбатӣ