Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Фамилияи шумо чист, рафиқ ҷанговар? – Ин саволи ногаҳонии полковник, ки болои сари Сафар омада буд, ӯро саросема кард. Сафар аввал чӣ кор карданашро надонист. Аз ҷояш хезад ё нахезад? Хезад, тартибу қоидаи машқро вайрон карда, аз фармондеҳи бевоситаи худаш гап мешунавад, нахезад, дар назди фармондеҳи калон беҳурматӣ мешавад. Мулоҳизаи охирин Сафарро аз ҷо бархезонд ва ӯ дарҳол дасташро ба чаккааш бурда, ба пурсиши полковник ҷавоб дод:
– Ҷанговар Одинаев Сафар, рафиқ полковник!
Дар рӯи полковник аломати норизоӣ пайдо шуд.
Лабони ӯ каме ба ханда моил шуда бошанд ҳам, аммо аз чашму абрувонаш бадқаҳрӣ намоён буд.
– Ман мехостам аз сангаркании шумо мамнунии худро изҳор кунам, рафиқ Одинаев, аммо шумо бо рафтори ҳозираи худ маро аз ин ният баргардондед, – гуфт полковник.
Сафар ҳамон дам чӣ хато кардани худро ба хотир оварда, ба окопи худ чашм партофт ва дарҳол милтиқро, ки дар он ҷо меистод гирифта, ба паҳлӯи росташ, дар ҳолати низомӣ нигоҳ дошт.
Полковник аз ин кори Сафар боз табассум карда гуфт:
– Ин як. Дигар ин, ки ҳеҷ гоҳ дар вақти машқ, ҳар касе, ҳам ки ояд, – хоҳ полковник, хоҳ генерал, – бе иҷозат мавқеи худро монда нахезед. Дар шароити фронт шумо бо ин рафтор кайҳо ҳадафи тири душман мешудед.
Сафар хомӯш ба полковник нигоҳ карда монда буд.
Рӯи ӯ дар ҳаври танӯр тасфидагӣ барин суп – сурх шуда, пешонаю болои лабҳояшро донаҳои арақ зер карда буданд.
– Пеш аз армия чӣ кор мекардед? – пурсид полковник.
– Муаллимӣ.
– Маълумотатон?
– Олӣ.

пешина
аз 333
навбатӣ