Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мирбадал раҳравон аккаи аз чизе хӯсидагӣ барин, ҳар замон ба пешу қафо ва гирду атрофаш нигоҳ карда, баъд бо овози нимхирриаш ба Мамараҷаб гуфт:
– Хӯш, ба чӣ қарор омадед, ҷиян?
– Чӣ мешуд, рафтан даркор, – ҷавоб дод Мамараҷаб хаёлпарешон.
– Э, ҷиянам, ҳоло ҳам шумо хом будаед.
– Гап дар хомию пухтагӣ не, амаки Мирбадал. Ин хизмати ҳатмии умумӣ қонун аст, охир!
– Ҳай қонун – қонун гуфтед-дия! Акнун аз вай қонунҳо чашм пӯшед.
– Чӣ хел чашм пӯшам?!
– Дида истодаед-ку, умри ин қонунҳо ҳам рӯз аз рӯз кӯтоҳ шуда истодааст.
– Ин чӣ гуфтагетон, нафаҳмидам – пурсид Мамараҷаб бо ваҳму ҳарос аз оринҷи Мирбадал дошта.
– Охир маркази ҳамин қонунҳо Маскав бошад, пагоҳ
– бегоҳ аз даст меравад, сонӣ дигар ҳама омин аллоҳу акбар...
– Ин хел нагӯеде, ҳоло Маскав куҷою немис куҷо.
– Шумо ҳоло кӣ будани Гирмонро намедонед, ҷиянам. – Боз мақсади худро равшантар изҳоркунон гап зад Мирбадал ва овозашро як андоза паст кард. – Агар хато накунам, аз ин нуздаҳ – бист сол пештар буд, аз афташ, ана дар ҳамон вақт ҳамин Гирмон қариб нисфи мамлакати русҳоро зери даст карда, баъд ҷангро бас карда буд. Ҳозир бошад, нисфи дунё дар дасташ, наход лашкаре, ки як тарафаш то Фарангистон, як тарафи дигараш то Ҷазоир замину замонро зери даст кардааст, омада як Маскавро гирифта натавонад?
Ин «далелҳои» Мирбадал Мамараҷабро ба ким-чӣ хаёлҳо водор карданд. Дили то ин дам аз рафти ҷанг умедҳои нек доштаи ӯро воҳима зер карда, хаёли ӯро ба кӯчаи сарбаста тела медоданд. Мирбадал аз хомӯш мондан ва тағйир ёфтани ҳолати рӯҳии Мамараҷаб пай бурда, боз мақсади худро аёнтар кард.
– Ман-ку ба Ҳукумати Совет заррае кина надорам, лекин ба умру ҷони мисли шумо ҷавонҳо дилам месӯзад.
– Сад дилатон сӯзад ҳам, чӣ чора? – савол кард Мамараҷаб ба фикри Мирбадал майл кардагӣ барин.

пешина
аз 333
навбатӣ