Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Чорааш бисёр, ҷиянам, гап ба хоҳиши худи кас.
– Чӣ хел чора?
– Аввал ҳамин, ки монед худи ҳамон русҳо барои мулку ҷони худ ҷангидан гиранд, ба ману шумо чӣ.
Ҳоло ба деҳаю хонаи мо ҳеҷ кас зер карда наомадаастку...
– Агар сари роҳашро нагиред, омада ҳам мемонад...
– Э ҷиян, то табар омадан кунда меосояд...
– Хайр, ин повестка чӣ мешавад? – пурсид Мамараҷаб аз кисааш коғазеро бароварда.
– Илоҷи ин ҳам осон.
– Чӣ хел?
– Ду-се рӯз худатонро ба нотобӣ мезанед.
– Одами сип-сиҳат дар як рӯз чӣ хел худро ба нотобӣ меандозад?
– Шумо ғам нахӯред, ҷони амак, «усул ба дасти нақорачӣ» гуфтаанд, фақат ҳаминро донед, ки амакатон аз азобу уқубати солдатӣ халос шуда, ба ҷои саҳрои кушод, замини заҳ ва зиндагии пуртаҳлука, дар хонаи ҳамеша чароғон, дар болои қолину кӯрпачаҳо баҳузур ёзида, рӯз гузаронидани шуморо орзу мекунаду бас. Монед, ба ҷанг касоне раванд, ки аз ҷони худ сер шудаанд, ҳа нагуфта чашмони онҳо ҳам мош барин кушода шуда мемонад. Воқеан, акнун масъалаи муаллима ҳам осонтар мешавад...
– Чӣ хел осон мешавад? – пурсид Мамараҷаб бо изтироб.
– Яъне ҳамин хел, ки Сафар бо ҳамин рафтани худ, худо медонад, оё гашта меояд ё намеояд.
– Аммо, дар ҳақиқат онҳо якдигарро дӯст медоштаанд-а?
– Давидани гӯсола то каҳдон. Ана монду рафт, сечор рӯз, ки гузашт, ин муҳаббату дӯст доштанҳо ҳам дуди чилим барин аз дилу димоғаш баромада меравад.
Ин гуфтаҳои маккоронаи Мирбадал ба дили Мамараҷаб дом меандохт. Вай мисли бедонае, ки ба дони дом медавида бошад, торафт ихтиёри худро ба дасти Мирбадал месупурд. Хаёлҳои то ҳоло дар фикри ӯ набуда тамоми ҳастии ӯро фаро мегирифтанд. Сурати Зебӣ, ки Мамараҷаб чандин вақт инҷониб ба вай дил баста, аз пайи бо ӯ хонадор шудан роҳ меҷуст, ба пеши назари ӯ боз намоён мегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё