Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ҳамроҳони Сафар боз якчанд кас ҳам савори асп буданд. Юнусбобо, модари Сафар, шарикони боқимондаи ӯ, се-чор ҳамқишлоқиҳо низ ба ду аробаи чорчарха савор шуданд. Ҳамин ки сари аспи саманд ба сӯи роҳи шаҳр рост шуд, ҷамъомадагон бо як овоз ба ҷавонмардони қишлоқ роҳи сафед, тани сиҳат ва некию амонӣ орзу карданд.
Аз паси садои калонсолон овози мактаббачагон баланд шуд. Онҳо бо сардории Зебӣ муаллими худро то беруни қишлоқ гусел карданд.
Ин вақт офтоб, ки ба сари силсилаи кӯҳҳои Ҳисор сар монда буд, ба водии хуррами Ҳисор нури заррини худро меафшонд.
Вақте ки аспу аробаҳо аз қишлоқ хеле дур шуда буданд, Сафар боз ба қафо, ба қишлоқи дар оғӯши дарахтон пинҳоншуда баргашта нигоҳ кард. Ба чашми ӯ тӯдаи одамоне, ки ҳанӯз даст афшонда меистоданд, базӯр менамуд. Лекин боди сабуки саҳро мавҷи суруди то ҳоло хомӯшнашудаи бачагонро баръало ба гӯши ӯ оварда мерасонд. Сафар аз ин ба шавқ омадагӣ барин баробари онҳо худ ба худ нақароти сурудро такрор мекард:
Мо магар қабри Ленинро дасти душман медиҳем...

БОБИ ҲАФТУМ

Вақти говгум шуда буд. Аз доманаҳои кӯҳҳо то болои қишлоқи Ҷӯйбор тумани тунук ба мисли каҳдуд вазнин паҳн мегашт. Қишлоқ берун аз одат хомӯш буд.
Ҳатто баргҳои дарахтон ҳам ба ягон сирру асрор гӯш додагӣ барин, беҳаракат буданд. Танҳо шуввоси рӯди Қаратоғ хомӯш намешуд. Вай бо ҷараёни пурталотуми худ ҳама гуна мамониатҳоро ҷаҳидаю шикаста мегузашт ва ба сӯи дарёи Кофарниҳон, ки вай ба он рафта ҳамроҳ мешуд, мешитобид...


Мирбадал ва Мамараҷаб аз байни мардуми Ҷӯйбор ҷудо шуда бо роҳи хилвате, ки охири он ба доманаи теппаҳои чақарсанги тарафи шимоли деҳа рафта мерасид, оҳиста-оҳиста қадам монда гапзанон мерафтанд.

пешина
аз 333
навбатӣ