Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сафар дар охир ба Зебӣ, ки дар рӯ ба рӯяш парешонҳол меистод, табассумкунон нигоҳ карду зуд ба вай наздиктар шуда, даст дароз кард. Агар дар гирду пеш одамон намебуданд, эҳтимол буд, ки Сафар аз мӯ ва рӯи Зебӣ бӯида, бӯсида ба ӯ муҳаббат, ишқ ва самимияти беандозаи худро изҳор кунад, вале андеша ва мулоҳиза, шарм ва ҳаё дар миён афтоду вай ин корро накард.
Вай бо ҳамин хаёл ба Зебӣ даст доданашро надониста монд. Фақат « мо ҳам бо ин бачаҳо шуморо то шаҳр гусел карданӣ ҳастем» гуфтани Зебӣ ин хаёли Сафарро бартараф кард.
– Раҳмат. Овора нашавед, бачаҳо монда мешаванд, ба болои ин пагоҳ дарс доред, – ҷавоб дод Сафар.
– Чӣ, магар бо ҳамин дигар шуморо намебинам?
– Не, чаро? Мегӯянд, ки мо боз якчанд рӯз дар Сталинобод мешавем.
– Ин хел бошад, боз нағз. Барои дидан меоям.
– Ба чашм.
Онҳо дасти ҳамдигарро сар надода гап мезаданд. Аз мобайни мардуми ҷамъомада фақат Мамараҷаб ва Мирбадал аз сар то пои онҳо чашм наканда аз назар гузаронда меистоданд.
Гуфтугӯи Сафару Зебӣ ба охир нарасида, аз сари кӯчаи калон садои шиҳа кашидани аспи саманд, ки дар болояш раиси колхоз акои Олим нишаста буд, шунида шуд. Акои Олим рӯ ба рӯи бошишгоҳ омада, аз асп фуромаду ба сӯи Сафар нигоҳ карда «Марҳамат» гуфт.
Аспи саманд арӯс барин оро дода шуда буд. Вай гӯшҳои худро сих карда, сарашро бо ғурур боло мебардошт ва бо чашмони зираку тезаш ба пеш нигоҳ мекард ва боз шиҳа мекашид.
Сафар баробари таклифи акои Олим дасти Зебиро боз сахттар фишурда – «Хайр, Зебӣ, нағз монед, то дидан!» гуфту аз ӯ ҷудо шуда ба пеши акои Олим омад ва лаҷоми аспро аз дасти ӯ гирифта, пои чапашро ба узангуи биринҷӣ монд ва бо як хез задан худро ба болои зин гирифт. Саманд зӯри савораи худро месанҷидагӣ барин, ду-се бор сахт сар ҷунбонда, дар ҷои истодааш бо бетоқатӣ пой мезаду боз шиҳа мекашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё