Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Не, ин ба дил намеғунҷад, инро виҷдон ҳам қабул намекунад. Раис! – гӯён Юнусбобо ба тарафи саҳна, ба акои Олим муроҷиат кард. – Мумкин бошад аз ҳамин рӯз сар карда номи маро ба қатори колхозчиёни каландзан навишта монед ва дар назди шумо, дар пеши аҳли қишлоқ қасам мехӯрам, ки то ана ҳамин чашмсиёҳон – фарзандони азиз, душманро торумор карда, дилҳои тирагаштаи мардуми мамлакатамонро бо фатҳи худ равшан накунанд, Юнусбобо даст аз дастаи каланд намеканад. Ана, матлабам ҳамин, боқӣ вассалом, олам гулистон...
Ҳозирон ин суханони Юнусбоборо бо чапакзаниҳои баланд пешвоз гирифтанд, якчанд касон ба симои пурҳаяҷон, ба чашмони ашколуди Бобо чашм дӯхта, худашон ҳам ба ҳаяҷон омада буданд. Аз ҳар ҷо – ҳар ҷои зал одамон: «Юнусбобо қоил кард, офарин! Мӯйсафеди пухта!» гӯён гап мепартофтанд. Пас аз он ки Юнусбобо каме хомӯш истода, ҳаяҷони худро паст кард, боз сухан пурсид.
– Акнун ба писарони ба хизмати аскарӣ раванда якду насиҳати падарӣ дорам. Агар розӣ бошетон, гӯям.
– Гӯед, гӯед! Сухани шумо аз ҷониби ҳамаамон насиҳати падарона мешавад, – ҷавоб дод Норзода.
– Ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам: ҷавонмардони ба аскарӣ рафтаистодаи мо хуб донанд, ки онҳо фарзандони водии зархези Ҳисор ҳастанд. Айбаш не, агар гӯем, ки дар қадим ин сарзаминро фақат аз шоҳию алочаи гӯсфанди бӯрдоқии ҳисориаш медонистанд.
Дар замони Совет бошад, як шоҳию алочаи гӯсфанди вай не, замини зархез, боғҳои сермева, колхозҳои машҳури пахтакор, кону маъданиёт ва одамони меҳнатдӯсти кордони вай ҳам ба аҳли олам машҳур шуданд. Акнун вақташ омад, ки ҷавонмардони ин водӣ худро дар майдони ҷанг ҳам нишон диҳанд ва душманро ончунон кӯбанд, ки ҳама қоил шуда, «баҳодури ҳисорӣ» гӯянд.
Ин гуфтаҳои Юнусбобо ҳам ба ҳама аз таҳти дил маъқул меафтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё