Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Юнусбобо давом дод:
– Мард ҳамон кас аст, ки худашро дар майдон бинад. Йигитҳое ки имрӯз ба хизмати аскарӣ мераванд – нури чашм, қувваи дил, фарзанди азизи мо ҳастанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба шаъни оила, диёр ва халқашон иснод наоварда, бо ҷонбозии худ сари моро албатта ба осмон мерасонанд, дили як гӯшааш аз набудани онҳо холии ҳар кадомамонро бо умеду орзуҳои нек пур мекунанд. Илоҳӣ сафаратон бехатар, дар ҳар кор дастатон боло, шамшератон бурро бошад, фарзандонам!
Баробари ба охир расидани сухани Юнусбобо аз мобайни мардум якчанд кас пасу пеш «офарин» гӯён овоз бароварданд,Юнусбобо ҷавонони ба хизмати аскарӣ равандаро як-як ба оғӯш кашида бӯсиду баъд бо ёрии Сафар Одинаев аз саҳна фуромада, дар зери чапакзаниҳои мардум ба ҷои худ рафт. Умрихола суханҳои Юнусбоборо бо диққати том гӯш мекарду ашкони аз ҳаяҷон беихтиёр дар чашмонаш ҷӯшидаро дам ба дам бо нӯки қарсаш пок мекард. Ҳамин ки Юнусбобо аз саҳна фуромада рафт, вай якбора аз ҷояш хесту ба раис муроҷиат кард:
– Ҳо, раис, додар! Ман ҳам мехоҳам як-ду даҳан гап занам.
– Марҳамат, модар, – гуфт акои Олим.
Модари Сафар Умрихола аз ҷои нишастааш рӯ ба саҳна рост хеста, бо овози пасти ларзон гап сар кард:
– Гапам ҳамин, ки додарҷон, ман ҳам аз қатори дигарон монданӣ нестам. Ба ҳар ҳол дасту поям дар ҳаракат, чашмам биност. Ман ҳам ба кор медароям.
Гӯр ҳамон фоҳишаш шавад... Ҳамин ту-мӣ, номаш фоҳиш буд-мӣ, хоҳар? – гӯён модари Сафар ба Бибизайнаб муроҷиат кард ва то ҷавоби ӯ касе аз поён:
«Хайр, чӣ фарқ дорад, фашист, фоҳиш, ҳар дуяш ҳам як гӯри сиёҳ», гӯён ҷавоб дод. Модари Сафар ба суханаш давом кард. – Ҳа, ҳамун гӯрсӯхта ин зиндагии осудаи моро дида натавонист. Хайр «чоҳкандаро чоҳ дар пеш» гуфтаанд!
Умрихола ба Сафар, ки аз саҳна ба ӯ бодиққат чашм медӯхт, нигоҳ карда бо изтироби гиряолуд гуфт:

пешина
аз 333
навбатӣ