Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ҳа, майлаш, марҳамат, – гуфт раис ва баъд ба пештари саҳна омада дасти Юнусбоборо гирифту барои боло баромадани ӯ ёрӣ расонд.
Ҳамин ки акои Олим ба Юнусбобо сухан дод, Юнусбобо аввало миёнбанди каме сустшудаашро аз нав тарангтар баста, ду бари ҷомаи сатини парчагули кабудашро ба ҳам зичтар кашида монд ва як дам ба толор хомӯш нигоҳ карда истод. Ин нигоҳи ӯ боз диққати ҳамаро ба худ ҷалб карда, толор тамом ором шуд.
– Бародарҳо, – гуфт Бобо, – шумо нагӯед, ки ба ин мӯсафед дар ин синну сол маҳмаддоноиро кӣ мондааст. Не, ман он чи ки дар ин ҷо хунамро ба ҷӯш овард, дар бораи ҳамон гап мезанам ва мехоҳам рози диламро аз шумо пинҳон надорам. Ришу мӯи сафед – ин як тарафи пирӣ аст, дилу бозу, китфу миён – ин тарафи дигари пирӣ аст. Чӣ хеле ки мебинед, миёнбанди Юнусбобо аз миёнбанди бӯзбалаҳо тарангтар баста шудааст, – гӯён Юнусбобо ба миёнбандаш даст бурд. Ҳама бо завқ хандиданд. Ҳамсолони Бобо, «Бале, асло паст наоед, Бобо!» гуфта ӯро тарафдорӣ мекарданд. Аз ин хушҳолиҳо Юнусбобо ба шавқ омада, бо ҷӯшу хурӯши тоза ба гап давом кард.
– Китфу бозу бошад, ҳоло ҳам азони Рустами Достон барин, ҳа, олам гулистон, мо ҳоло аз маърака берун нашудаем, – Аз ин сухан боз дар толор ханда баланд шуд. – Чӣ мегӯед, ки агар аз ҳамин ришу мӯи сафед чашм пӯшед, Юнусбобои шумо ҳоло қодир аст, ки мана ин панҷ-шаш Устомурод барин бӯзбалаҳо қатӣ баҳсмабаҳс кунад, – гӯён Бобо колхозчии миёнсоли қадбаланди дар мобайн нишастаро нишон дод ва боз гуфт, – агар мемонданд, ман ҳамроҳи ҳамин ҷавонмардони шерзоди ҳисорӣ ба даст камон гирифта ба ҷанг мерафтам. Афсӯс ки синнам аз ин солҳо гузаштааст. Лекин, чуноне вакили райком рафиқ Норзода ва раисамон гуфтанд, досу каланд ҳам дар ин вақт аз туфангу шамшер монданӣ надорад. Ана акнун ба мақсад наздиктар омада гуфтанӣ ҳастам, ки сухани бародарамон Норзода дили маро ба ҷӯш оварда, ба рагу пайҳоям хуни орият ва довталабиро давонд. Охир ба кадом рӯ ман – як одаме, ки пӯсти дар меҳнат пухта, зарангшудаи дастонам ҳанӯз мулоим нашудааст, дар ин вақти тангу нозук дар як кори хурдакаки боғчаи мактаб нишинам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё