Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шумо хуб медонед, ки агар ба як гӯшаи дастархоне, ки мою шумо дар атрофи он нишастаем, оташ афтад, албатта, ҳамаамон якбора барои хомӯш кардани вай мечаспем; агар дар хонаи ягонтои мо сӯхтор сар занад, ҳамаи аҳли деҳа барои аз бадбахтӣ халос кардани ҳамдеҳаи худ ва барои ба дигар хонаҳо паҳн нашудани ин сӯхтор даҳдаста мечаспем. Мисли ҳамин, ҳамаи халқи мамлакатамон одамони сари як дастархон, як ҳавлию хона ҳастанд ва агар бадбахтие содир шавад, зуд ҳамаашон аз пайи дафъ кардани он мешитобанд. Ана, имрӯз ба як гӯшаи дастархони оилаи калони мо, ба як тарафи хонаи умумии советии мо фашистон бо кинаю адоват оташ сар дода, аз пайи нест кардани Ватани мо ҷадал карда истодаанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки то хатари ба сари Ватанамон омада дафъ карда нашавад, дили ҳеҷ кадоми мо аз ҳаяҷону изтироб қарор намегирад.
– Албатта, ҳақ гуфтед, рост. Ҳушу ёдамон ба тезтар дафъ карда шудани ҳамин балои азим аст, – гуфт касе аз байни мардуми дар толор нишаста.
Норзода боз давом кард.
– Акнун масъала дар ҳамин ҷо, ки бо як худи ба майдони мубориза даромадани писарони мо кор буд намешавад. Дар қафои ин паҳлавонони мо тарафдорон, такягоҳон бояд бошанд. Ин тарафдорон ва такягоҳон мову шумо, – одамони кор ҳастем, ки бо дучанд зиёд меҳнат карда бисёртар маҳсул додан ёрмандӣ, такягоҳии худро пурзӯр кунем.
Ҳанӯз Норзода ҷумлаи охирини сухани худро ба охир нарасонда буд, ки аз қафо, аз байни мардуми ростистода мӯйсафеди кулӯтариш чашми худро аз раиси маҷлис наканда ба сӯи саҳна пой ниҳод. Он кас Юнусбобо буд. Вай ба назди саҳна расида, дасти росташро боло бардошту аз раис пурсид:
– Раис! Як-ду даҳан гап дорам, мумкин?
Акои Олим аз байни ғалоғулаи зал чӣ гуфтани Юнусбоборо нашунида, аз ӯ пурсид:
– Савол дорам гуфтед-мӣ, Бобо?
– Не, – ҷавоб дод Бобо, – як-ду даҳан гап дорам, агар иҷозат шавад.

пешина
аз 333
навбатӣ