Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Албатта, ин аз як ҷиҳат дуруст аст, лекин бо як худи иваз кардани сарулибос кор тамом намешавад. Дар айни замон ҳазорон – ҳазор одамон, ки Ватани худро аз сидқи дил дӯст медоранд, либоси аскарӣ пӯшидаанд.
Гап дар сафи аввали онҳо истода аз обу оташу тӯфон якумин шуда гузаштан аст...
Вақте ки Норзода ин гапҳоро мегуфт, Сафар ғарқи хаёлҳои наҷиб хомӯш аз паҳлӯи ӯ қадам мепартофт...
БОБИ ЧОРУМ
Бегоҳии ҳамон рӯзи аз шаҳр баргашта омадан Сафар баъд аз корҳои рӯзонаи худ дар ҳавлиаш истироҳат мекард. Вай дар болои суфаи қолину кӯрпача густурда дароз кашида мехобид.
Гарчанд фасли тирамоҳ бошад ҳам, обу ҳаво аз рӯзҳои тобистон чандон фарқ надошт. Ду-се борони сахт чангу ғубори сабзаву баргҳоро шуста гузашта, порча – порча абрҳои сафед дар ҳар ҷо – ҳар ҷои осмони васеъ сайр мекарданд ва боди сабук онҳоро ором ба шимол, ба паси кӯҳҳои Ҳисор гирифта мебурду дар ғуруби офтоб ин абрпораҳо ба худ ранги гулобӣ гирифта, дар пеши назар тобиши зебое медоданд.
Оре, дар ин диёр чунин рӯзҳои фасли тирамоҳ ҳам мешавад, ки аз баҳору тобистонаш фараҳбахштар, зеботар мебошанд!
Сафар рӯ ба осмон хоб рафта ба ҳамин табиати дилкаш, баҳркушо, ба ҳамон абрпораҳои гулобӣ ва ба осмони васеи нилобӣ бо ҳирси беинтиҳо чашм медӯхт ва ба фикру хаёлҳои аҷиб фурӯ мерафт.
Модари Сафар, ки дар сари оташдон ҷунбуҷӯл мекард, гоҳ-гоҳ ба писараш нигоҳкунон аз ин қадар дуру дароз ба осмон чашм дӯхта хомӯш мондани ӯ дар ҳайрат мемонд. Вай ду-се бор ҳар чизро баҳона карда аз Сафар гап пурсида бошад ҳам, аз ӯ ғайр аз ҷавоби кӯтоҳ – «ҳа» ё «не» – дигар сухан нашунид.
Аз ин вазъияти Сафар дили модар танг шуд. Вай бо баҳонаи ба оши палав хӯриш тайёр кардан дар дастонаш корду тахтача ва помидору пиёз омада ба як гӯшаи суфа нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё