Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сафар аз ҷавоби Бобонор завқ карда, бо корвон хайрухуш карду ба назди Норзода баргашт.
Баъд Норзода бо ҳамроҳии Сафар аз пайраҳае, ки дар гирдогирди майдончаи бошишгоҳи колхоз воқеъ буд, роҳ рафта, дар шаҳр чӣ корҳо кард, чӣ гапҳо шуд, аз вай пурсид.
– Ҳамин тавр, тавсияи райком кори маро осон кард,
– гуфт Сафар баъд аз муфассал нақл карда додани он ки чӣ хел Комиссари маориф дар аввал ба талаби ӯ розигӣ надодааст.
– Сонӣ ба куҷо рафтӣ? – пурсид Норзода.
– Сонӣ ба Комиссариати ҳарбии республика. Дар он ҷо аъзои партия набуданам ба як кор халал расонд, – гуфт Сафар бо афсӯс.
– Чӣ кор? – савол дод Норзода.
– Ба курси семоҳаи роҳбарони сиёсӣ ҷой будааст, лекин ба он ҷо касони ба партия аъзо ё номзад бударо мефиристодаанд. Чунон афсӯс мехӯрам, ки... – Сафар гапашро ба охир нарасонда хомӯш монд.
Норзода ба сари хами ӯ нигоҳ карда, бо оҳанги насиҳат ва дилдорӣ гуфт:
– Аввал ин ки ба партия барои амалгирӣ намедароянд, дуюм ин ки барои он кас, ки чи ботинан ва чи зоҳиран тақдири худ, ҳаёт ва фаъолияти худро бо партия маҳкам пайвастааст, дари партия ҳамеша кушодааст. Сафар! Билети партиявӣ доштан – ин як тарафи расмии кор, лекин бо партия аз ҳамаи роҳҳои мушкилу мураккаб баробар қадам партофтан, баҳри мақсади олии вай тамоми қувва, ғайрат ва ҳатто, лозим шавад, ҷони худро дареғ надоштан – ин аст яке аз хислат ва сифатҳои асосии он шахсе, ки ба гирифтани номи баланди коммунист сазовор шуданист. Оё ту дар худ чунин азму ирода ва боварӣ дорӣ, ки аз ӯҳдаи ин шарти асосӣ баромада тавонӣ? – пурсид дар охири сухан Норзода Сафарро санҷиданӣ шуда.
– Агар ин гапи ман ба саволатон ҷавоб шуда тавонад, – гуфт Сафар оромона, – ба фикри ман, ҳамин мақсад азми маро ба он равона кард, ки либоси гражданиро бо либоси аскарӣ иваз намоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё