Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Барои ҳамин мардум ба Ҳукумати Советӣ молу ҷонашонро фидо мекунанд-дия...
Ин сухани Мамараҷаб, ки вай аз хурдсолӣ аксар ба азму ирода ва майлу таъсири амаки худ гардан фуроварда калон шуда буд, ба Мирбадал нафорид. Нафаси вай танг шуда омада, нотинҷ гардид ва чашмони бенури ба косахонаҳояш чӯкидаашро бо хашм ба Мамараҷаб дӯхт.
– Шумо қоил бошед, бас аст, – гуфт Мирбадал аз пеши тиреза дур шуда. – Мо барои чӣ қоил шавем? Барои он ки Одил Саркор барин касони як вақтҳо ба пеши мо барои як ариза навишта додан бо илтимосу илтиҷо омада, имрӯз ба болои сарамон амру фармондеҳ шудаанд, ба ҳамин қоил шавем? Ё ин ки шуморо пагоҳ
– бегоҳ ба еми тӯпу туфанг мефиристонанд, барои ҳамон-мӣ? – Мирбадал ба афти Мамараҷаб нигоҳ карда, мизроби сухани худро мулоимтар кард. – Эҳ, ҷигарам – ҷигарам, синнатон ба бистуду – бистусе даромадаасту ҳанӯз ҳам сиёҳро аз сафед дуруст фарқ карда наметавонед... Амакатон ин гапҳоро бечиз намегӯяд, инро хуб фаҳмида монед, дар ин кору бор гӯштамон фуромада, пӯстамон рехта, мӯямон сафед шуд-ку, ҷиянам. Монед, алами кӯҳнаро тоза накунем. Коратона кунед, ман рафтам.
Мирбадал берун баромада, ба тарафи чойхона роҳ гирифт.
Дар пеши чойхона ғайр аз як гурӯҳ мардуми қишлоқ ки ба гуселкунии корвони сурхи колхоз ҷамъ омада буданд, раиси колхоз акои Олим ҳам буд, ки вай як пояшро ба тири ароба такя дода, дар болои зонуяш дафтарчаеро гузошта чизе менавишт. Ҳар боре, ки инструктори райком ба ӯ савол медод, акои Олим сарашро бардошта ба вай ҷавоб медод:
– Натиҷаи корамон ана ин хел, рафиқ Норзода:
плани пахта – 121, ғалла – 112, картошкаю сабзавот 200 фоиз иҷро шуд, – ва дафтарчаашро ба Норзода нишон дод.
– Ин корвонро ба ин ҳисоб намедароред? – пурсид Норзода.
– Албатта, не! Берун аз план набошад чӣ хел тӯҳфа мешавад?

пешина
аз 333
навбатӣ