Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Боз аз тӯй пештар нақора нашавад... – гуфт Мамараҷаб ба ҷои худ баргашта.
– Хуб, ин гапҳо баъд. Хатро навиштед? – пурсид Мирбадал.
– Навиштам, – ҷавоб дод Мамараҷаб аз зери дафтар хати ҳанӯз имзо нагузоштаи худро ба амакаш нишон дода. Мирбадал ба хат чашм давонду баргашта ба Мамараҷаб дода гуфт: – хуб навиштед, аз нав дар коғази нағз хушхат карда рӯнавис кунед. Кай ки хостгор фиристонем, ин хатро ҳам ҳамон рӯз ба воситаи ягон мактаббача ба худаш мефиристонед.
Баъд Мирбадал ба назди тирезае, ки ба тарафи кӯчаи калон кушода мешуд, рафт. Аз тиреза ӯ як гурӯҳ одамон ва як қатор аспу аробаҳоро, ки дар пеши чойхонаи сурхи қишлоқ ҷамъ омада буданд, дид.
– Боз ин чӣ маърака? – пурсид Мирбадал аз кӯча чашм наканда. Мамараҷаб ҳам ба назди тиреза омад.
– Ҳа, воқеан имрӯз колхоз ба фонди Армияи Сурх корвони сурхи пахта, ғалла, сабзавот мефиристонад.
– Боз ин ҳунари кӣ?
– Парирӯз раис, парторг ва одами райком дар байни худ гап – гап карда буданд, имрӯз аллакай ҳамааш тайёр ҳам шудааст.
– Охир ин мардуми деҳа ғаму парвои фардоро дорад ё не? – Мирбадал бо як хашму ғазаби ботинӣ аз димоғ нимғурма гап зад, – як рӯз нагузашта як корвон тӯҳфа ҳозир карда, ду рӯз нагузашта гушна мондан ба чӣ маънӣ? Ҷанг сар шудан боз фаъолияти Одил Саркор ҳам дучанд зиёд шудагӣ. Се аробаи ин корвон ҳам аз бригадаи худи ҳамон.
– Худоё тавба, аҷаб замона шуд-дия, – бо як ҳасратмандӣ гуфт Мирбадал, – як одами дирӯзакак пойлучи бесавод имрӯз калони фирқаю саркори мардум шуданашро бинед?!
– Тавба-ку не, қоил шудан даркор, амаки Мирбадал, қоил шудан даркор! – ҷавоб дод Мамараҷаб ба фикри Мирбадал бо ҳисси ростгӯӣ эътироз баён кардагӣ барин.

пешина
аз 333
навбатӣ