Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Игнатеву Гуреевич бошанд, баробари сар мондан баланд хуррок кашида, ба хоб рафтанд.
– Даҳбошӣ, – гуфт оҳиста Дадабой, – ҳамин русҷӯраҳоямон хуб одамони ҷонсахт будаанд-а? Ана бин, дар болои кӯрпаи ҳафтқабата хоб кардагӣ барин хуррок мекашанд-е...
– Ба инҳо қоил шуда, ба сахтӣ тоб оварданро аз ҳаминҳо ёд гирифтан даркор, – гуфт Сафар.
– Э, қоил ҳам гап-мӣ, – ҷавоб дод Дадабой, – шаҳрамро ҳам додам... Офарин ба падарраҳматҳо. Мо бошем, то ҳоло кӯдаки парпеч барин аз дунё бехабар гашта будем.
Баъд аз фурсате ҳар сеи онҳо ҳам пайи ҳам ба хоби ширин рафтанд.


...Рӯзи дигар онҳо бо мошини роҳгузар ба шаҳрчаи қадимии вилояти Сталинград – Дубовка, ки вай ҳам дар соҳили Волга воқеъ буду барои киштиҳои ба сӯи Сталинград ва Саратов раванда истгоҳ ҳам дошт, расиданд.
Вале аз ин ҷо дигар реҷаи онҳо вайрон шуд. Коменданти шаҳр ба ҳеҷ кадоми онҳо ба Сталинград рафтанро рухсат надод ва рухсат диҳад ҳам, ба он ҷо рафтани онҳо амри маҳол буд.
– Қисмҳои ҳамаамон ҳозир дар Сталинград, – мегуфт Сафар ба комендант, – мо мехоҳем бо қисми худ ба ҷанг дароем.
– Аҷаб одами якрав будаед, – бо овози дағал гуфт комендант, – ба шумо ба забони фаҳмои русӣ мегӯям, ки ба Сталинград роҳ нест.
– Чаро? – пурсид Игнатев.
– Агар ба шумо боз саҳеҳтар гуфтан лозим бошад, – гӯён комендант аз сумкааш харитаро бароварда нишон дод, – қариб понздаҳ – бист рӯз аст, ки немисҳо аз шимоли Сталиград, аз бозорҷо ба соҳили Волга рахна карда баромадаанд, аз ин тарафи мо бошад, панҷ-шаш рӯз шуд, ки ҳуҷуми ба сӯи Дубовка овардаи онҳоро зада баргардонда, то Ерзовка ва қарибии Орловка ақиб партофтем. Ҳозир хатти ҷабҳа ана аз ин ҷо мегузарад,
– комендант аломати дар харита гузошташудаеро нишон дод.

пешина
аз 333
навбатӣ