Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Қаторарон бо манаҳаш теппачаи панҷсад – шашсад метр дуртарро нишон дода, бо оҳанги шӯхӣ «Вокзал ва сардори вокзалро ҳам ҳамон ҷо меёбед»
гуфт.
Игнатев ба теппачаи қаторарон нишондода рафту боз дере нагузашта баргашта омад.
– Рафтем, бародарон, – гуфт Игнатев ва боз рафиқонашро аз дидаю шунидааш хабардор кард. – Сардори «вокзал» дар заминкани катаки мурғ барин нишастааст, ки худаш ҳам базӯр меғунҷад. Роҳи мошингард аз ин ҷо чор-панҷ километр мегӯяд, беҳтараш ки пиёда равем.
Ҳама ба таклифи старшина Игнатев розӣ шуда, боз ба роҳ даромаданд. Ду – дуним километр роҳ рафта, аз пеши онҳо чорраҳа баромад. Игнатев ва шарикони вай ба кадом роҳ рафтани худро надониста, дар ҳайрат монданд. Баъд аз маслиҳату машварат, ҳама ба қароре омаданд, ки то субҳ ягон ҷои панаҳ ёфта хоб кунанд.
Ҷои панаҳ канӣ? Чашми онҳо ба чор тараф ҳаросон дӯхта мешуд. Гуреевич таклиф кард, ки яктагӣ чор кас ба чор тараф рафта ё ягон ҷӯйбор, ё чуқурӣ, ё ин ки ягон пастхамӣ ёбад, ба як каси дар ин ҷо монда фарёд карда хабар диҳад. Сонӣ каси дар ин ҷо буда дигаронро ҷамъ карда, ба ҳамон ҷой мебарад. Ин таклифу реҷаи Гуреевич ба дигарон маъқул шуд ва Йӯлчиро дар сари чорраҳа монда, худашон ба чор тараф тақсим шуданд. Баъд аз андак вақт аз як тараф садои Игнатев баланд шуд. Йӯлчӣ баробари шунидани овози Игнатев дигаронро фарёд кард. Ҳама бозгашта, ба тарафи Игнатев рафтанд. Дар мобайни замини ғаллаи даравида ғарами калони пахол буд.
– Ана марҳамат, меҳмонҳо, аз болои кӯрпаи пари қу... – гуфт бо хушҳолӣ Игнатев.
Ҳамаашон ба болои ғарами пахол баромада, аввал каме хӯрок хӯрданду баъд борхалтаҳоро болишт, болопӯшҳоро кӯрпа карда, ба мағзи пахол даромаданд.
Аз пахол бӯи заҳ меомад. Ҳар замон чизе шитир – шитир мехазид.
Сафар, Йӯлчӣ, Дадабой ба мондашавӣ ва ду шаб боз бедор будани худ нигоҳ накарда, ҳеҷ чашм пӯшида наметавонистанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё