Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба онҳо пойгоҳи нафту кӯдаки дар гаҳвора – ҳар ду баробар аст, – гуфт кампир бо ҳаяҷон, – коре карда, одам кушанд, бас аст. Лаънатиҳо!..
Онҳо боз қариб понздаҳ – бист дақиқа ҳамин тавр ба ҳамдигар ҷафс нишаста, ба овози нофорами ҳавопаймои немисҳо, ба таркиши гоҳ паст, гоҳ баланди бомбаҳо гӯш фаро медоданд. Баъд аз панҷ – даҳ дақиқаи хомӯшӣ, мард аз ҷояш ҷунбида гуфт:
– Худаш ҳам дар шаҳр ҷои бомба наафтода намонд... Ана, хезед, амри таваққуф ҳам доданд. Хона ба хона рафта, дидан даркор, ки кӣ ҳасту кӣ нест...
Баъд аз бомбаборон шаҳрро чунон дуд ва чангу хок зер карда буд, ки Сафар аз заминкан баромада, ҳеҷ касро дида наметавонист. Мардум ҳамдигарро ҷеғ мезаданд. Аз байни ин садоҳо касе Сафарро ҳам фарёд мекард. Сафар аз ҷои истодааш бо овози баланд ҷавоб дода, ба сӯи ҳамон каси ӯро ҷеғзада даҳ-понздаҳ қадам монда буд, ки аз рӯбарӯяш старшина Игнатев, Дадабой, Йӯлчӣ ва Гуреевич баромаданд.
– Зинда ҳастӣ?
– Зинда, бе ҳеҷ нуқсон.
– Мегӯянд, ки ба анбори нафт ва ба бемористони мо ҳам бомба афтодааст, – гуфт Игнатев.
– Кӣ гуфт? – пурсид Сафар.
– Ҳозир шунидам. Одамон ба якдигар мегуфтанд.
Рафта хабар гирифтан лозим, чӣ гуфтӣ?
– Албатта, – ҷавоб дод Сафар.
– Аз кема намемонем? – пурсид Йӯлчӣ.
– Аз инаш монем, бо дигараш меравем, – ҷавоб дод Дадабой бо бетоқатӣ.
– Мошинҳои ба ҳамон сӯ мерафтагӣ ҳам бисёр, ба ягонтааш савор шуда меравем.
Панҷ рафиқи ҷангӣ аз кема борхалта ва болопӯшҳои худро гирифта, ба сӯи бемористон баргаштанд. Аз дуду чанги шаҳр нафаси одам танг шуда, кас дам ба дам месулфид.
Даме ки панҷ нафар ҷанговар ба дари бемористон рӯ ба рӯ шуданд, ба гӯши онҳо аз ҳавлии он фарёду нола расид. Аз дарвозаи бемористон захмдорони хунолудро ба занбалҳо ва баъзеҳоро ба китфашон бардошта, ба кадом як тараф мекашонданд.

пешина
аз 333
навбатӣ