Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ҳа, аз Тоҷикистон.
– Бинед, Гитлери хонасӯхта мисли он, ки хонаи занбӯри асалро вайрон карда бошад, одамонро аз куҷоҳо ба куҷоҳо саргардон кард, – гуфт кампир бо садои раҳмдилӣ ва худ ба худ ғур – ғур кард.
– Инҳо ҳам ба ҷанги Сталинград бояд омада бошанд? – илова кард мардак.
– Ҳа, аз бемористон имрӯз баромадем, – ҷавоб дод Сафар аз мушаввашӣ ин сӯ – он сӯ ҷунбида, – бояд ба Сталинград равем.
– Захмдор будӣ? – пурсид кампир ва худашро ба мобайни се-чор каси дигар, ки дар заминкан кулӯла шуда менишастанд, зичтар кашида, барои Сафар як-ду ваҷаб ҷой холӣ карду боз гуфт: – барвақттар намегӯӣ, писарам, мана биё, аз ин ҷо бишин. Дар ин хел вақтҳо дар мо, тангӣ айб надорад, мегӯянд.
– Раҳмат, оча, баҳузур нишастан гиред, – гуфт Сафар.
– Бишин, бишин, писарам, – таклиф кард кампир, – ташаккур ба ту ки аз ҳамин қадар ҷои дур ҷони ҷавонатро дареғ надошта, барои аз сарамон нест кардани ин балои азим омадӣ.
Сафар дар паҳлӯи кампир дузону ба замин нишаста буд, ки ба димоғи вай нафаси гарм ва бӯи модаронаи кампир расид. Вай дарҳол модари худро ба хотир овард.
– Писаракам, оча – дадо дорӣ? – пурсид кампир.
– Як оча дорам.
– Бечора модарат ҳамин шабу рӯзҳо дар чӣ аҳвол бошад?
Сафар ба кампир ҷавоб гардонданӣ буд, ки аз кимкуҷо шағол барин уллос кашидани ҳавопаймоҳо ва пас аз он болои ҳам гуп-гуп таркиш шунида шуд. Баробари ҳар як таркиш заминкан ларзида, аз шифту деворҳои он хок мерехт. Ҳама, аз рӯи одат, сарашонро ба мобайни ду зону кашида, боз зиёдтар ба ҳамдигар ҷафс мешуданд. Кампир дуо хонда мегуфт:
– Худо илоҳӣ ба ҷони ин ҷавонҳо раҳм кунад...
– Ба ҳамин гирду атроф бомба партофта истодааст,
– гуфт мардаки дар пешгоҳ нишаста, – эҳтимол ба пойгоҳи нафт бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё