Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Мумкин аст баъд комиссияҳои тиббӣ саломатии шуморо санҷида аз хизмати ҳарбӣ тамоман озод ҳам кунанд, – гуфт сардухтур.
Сафар ба ӯ нигоҳи норозиёна карду чунин ҷавоб дод:
– Ман ҳозир ҳам аз саломатии худ чандон шикоят надорам.
Духтур ва комиссар ба ҳамдигар чашм партофта, зери лаб хандиданд. Баъди камтар хомӯшию андешакунӣ комиссар гап зад:
– Ба фикри ман, Алексей Дмитриевич, арзи бемор аз як ҷиҳат ҷон дорад. Аз он ки ӯро маҷбурӣ, гӯё аз қафояш тела дода ба рухсатӣ фиристем, ба майлу хоҳишаш нигоҳ карда ёрмандӣ кардан беҳтар аст.
– Ихтиёр, – дудила шуд духтур, – ҳамчун масъули саломатии бемор гап мезанам, шумо бошед...
– Ҳамчун масъули маънавии бемор, ҳамин тавр не? – давоми сухани духтурро гирифта, боханда гуфт комиссар. Духтур бо ризоят сар ҷунбонда, «оре» гуфта монд.
Комиссар гапашро давом дод.
– Модоме ки ҳамин тавр аст, ба ақидаи ман, ба одами аз ҷиҳати маънавӣ солиму устувор бовар доштан, талаби ӯро тарафдорӣ кардан лозим...
Гуфтугӯи онҳо бо ҳамин хотима ёфт. Баъдтар Сафар то комилан муолиҷа ёфта, сиҳат шудан дар худи бемористон мононда шуд.
БОБИ НУЗДАҲУМ
Умрихола пас аз саломат омадани Мамараҷаб дар бораи писари худ боз зиёдтар ғаму ғусса мехӯрдагӣ шуд. Ҳама ба назди ӯ омада, ӯро дилдорӣ медоданд.
Дар ин рӯзҳо Сафар дар бемористон хоб карда, аз он хотирҷамъ буд, ки мактубе, ки баъд аз як ҳафтаи сиҳат ёфтани худ навишта буд, кайҳо ба диёраш расида, эҳтимол, ба он ҷавоб ҳам фиристода шуда бошад.Вале тамоман баръакси ин рӯй дода буд. Чуноне ки дар шароити ҷанг баъзан рӯй медод, чӣ шуд, ки мактуби Сафар дар кадом як почтаи саҳроӣ ё шӯъбаи алоқа дер монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё