Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ана, ба ҷои ман ин касро фиристед, – ба сӯи Дадабой ишора кард Сафар.
Дадабой зуд худро аз чашми қаҳролуди Сафар канор кашид.
– Киро фиристоданро худамон нағз медонем, – бо оҳанги асабонӣ ҷавоб дод духтур.
– Мумкин аст дигарон ба диёрашон бо рӯи сурх даромада раванд, аммо ман бо ин ранги зард ба диёри худ рафтан намехоҳам.
– Набошад боз чанд вақти дигар аз госпитал набаромада хоб мекунед, – гуфт духтур.
– Бигузор, то сиҳат шудани ҷароҳатам дар ҳамин ҷо бошам. Баъд ҷавоб медиҳед.
– Не, баъди сиҳат шудан ҳам, бояд чанд вақт истироҳат кунед! – таъкид кард духтур.
Сафар торафт якравӣ мекард:
– Ман ҷои истироҳатро худам меёбам.
– Мо шуморо ба ҳар куҷо рафтан намемонем... – Шумо намонед ман мегурезам.
– Ба куҷо?
– Ба қисми худам.
– Ба ин қарибиҳо ба хатти пеши ҷанг рафтани шумо мумкин нест.
– То тамоман сиҳат шудан як муддат дуртар аз хатти ҷанг аробакашӣ мекунам.
Духтур дид, ки ин мунозираю муноқишаи онҳо охир надорад, бо тааҷҷуб сар ҷунбонда, аз ҳуҷра берун шуд.
Дигарон ҳам аз қафои ӯ рафтанд...
Пас аз чанд рӯзи дигар ҳам Сафар ба пеши сардухтур ва комиссари бемористон ҳозир шуда, фикру мулоҳизаҳои худро кушоду равшан изҳор карду ба рухсатӣ рафтанро нахост.
– Хоҳиш мекунам арзи маро дуруст мулоҳиза кунед,
– бо нармӣ гуфт Сафар ба комиссару духтур ва аз якчанд сабабҳои фикркардааш якеашро пеш гузошта, гуфт:
– Магар хуб мешавад, ки аз ин қадар роҳи дур барои истироҳати якчандрӯза ба диёрам раваму боз як рӯзи дигар аз нав борхалтаи аскариро ба китфам бардошта дили модари қоматхамидаамро дар алами ҷудоӣ бори дуюм лахта – лахта хун гардонам?

пешина
аз 333
навбатӣ