Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар афти зардчатоб, дар чашмони танг-танги каме ба косахонааш чӯкидаи вай як ҳолати изтироб ва бесаранҷомӣ ҳис карда мешуд.
– Раис дар ҳамин ҷо? – пурсид Сафар баъд аз мулоқоту пурсупос ба утоқи ишора карда.
– Не, нестанд.
– Одил ако-чӣ?
– Он кас ҳам нестанд.
– Магар ҳанӯз наомадаанд?
– Пагоҳии барвақт як сари қадам омада, боз ҳамроҳи намояндаи райком баромада рафта буданд.
– Ба куҷо рафта бошанд?
– Ба саҳро, ба сари кор бояд рафта бошанд, – ҷавоб дод Мамараҷаб дафтареро варақ зада, – зарур шуда бошанд, ҳозир фақат аз ҳамон ҷо ёфта метавонӣ.
Набошад то бегоҳӣ баргаштанашон маълум не.
Сафар бо кадом як фикр банд шуда, якчанд дақиқа хомӯш монд. Мамараҷаб ба саҳифаҳои дафтар чашм давонда, баъзан ба вай даркору нодаркор бо қалам ким-чӣ аломатҳо мегузошт.
– Ҳозир хӯҷаини идора як худам гӯй? – шӯхӣ кард Сафар.
– Хӯҷаин набошам ҳам, ин вақтҳо ҳамаи кори идора ба сари ман мондааст, ошно, – гуфт Мамараҷаб худро серкор тарошида, – шабу рӯз аз идора набароям ҳам, боз кор як вагон.
– Ҳисобдоратон ҳам наменамояд-а?
– Вай бечора ҳам як по дар пункт, як по дар банк, бо ҳисобу китоб овораю саргардон. Хуллас, ки ҳамаамон ба сар хоридан вақт надорем, – гӯён Мамараҷаб беихтиёр бо нӯги худнавис пушти гӯшашро хорида монд.
Сафар аз ин гапу рафтори ҳавобаландонаи Мамараҷаб оҳиста лаб ба табассум бурда кинояомез гуфт:
– Ҳа, албатта, сархорӣ ҳам вақт металабад, ҷӯра...
– Вақт бисёр нозук омад, ошно, – ҷавоб дод Мамараҷаб, – ҳамаи кор ва диққат ба ҷанг, ба фронт шуда монд. Ин коғазу ҳуҷҷатҳоро намебинӣ, якаш таҳ накарда, аз қафо боз даҳтаи дигараш меояд. Ба чунин қарор омадам, ки ҳамин рӯзҳо аз ин кор дида ба даст туфанг гирифта ба аскарӣ рафтан беҳтар аст.

пешина
аз 333
навбатӣ