Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зебӣ таъкид кард:
– Акнун тасаллии хотири оча шудан ҳам ба гардани шумо...
Зебӣ аз шарм худашро ба нодонӣ зада, кай ба мактаб омадани Сафарро пурсида гирифт ва ба синфи рӯ ба рӯ даромада рафт. Сафар дар роҳрави бинои мактаб ду-се муаллимеро, ки ҳамроҳи Юнусбобо меомаданд, диду бо онҳо аҳволпурсӣ карда, берун баромад.
Мактаббачагон, ҳамқишлоқиҳои Сафар ба ӯ рӯ ба рӯ шуда, ҳамаашон: «Салом, мудир, ҳарчи омадед, тинҷӣ, амонӣ-мӣ?» гӯён пурсупос мекарданд.
Вақте ки Сафар аз кӯчаи калон ба тарафи хонаи худ, ки дар дасти рост, дар лаби наҳр буд, баргашт, аз дур модари ӯ, ки дар лаби ҷӯ косаю табақ мешуст, писари худро дида, саросемавор аз ҷояш хесту оғӯш кушода, якчанд қадам пеш омад.
– Очакат садқаи ту, куҷо шудӣ? Чашмакам чор, тоқатам тоқ шуд. Шайтон ба дилам чӣ хаёлҳое наовард, ҳарчи, хотирҷамъакак омадӣ? – гӯён модар аз пешонаи Сафар бӯсид.
Сафар ба модараш хандида – хандида ҷавоб дод:
– Аҷаб воҳимае мекунӣ, оча, ман кӯдакам, ки гург мехӯрад?
Дар ин асно акси шӯълаи офтоб, ки дар рӯи мавҷҳои оби зулол ҷило медод, ба чеҳраи модару писар рӯшноии беғуборе меафканд...

БОБИ СЕЮМ

Сафар пас аз наҳорӣ аз хона, ба идораи колхози «Коммуна» баромад. Дар идораи колхоз ғайр аз котиб
– Муҳаммадраҷаб Юсуфов, ки ҳама ӯро Мамараҷаб мегуфтанд, каси дигаре набуд. Вай ҷавоне буд қадбаланди лоғартан ва рангзада. Мамараҷаб ба рӯи кадом як коғаз сар фурӯ бурда, чизе менавишт. Сарқалами нӯгаш хӯрдашудаи худнавис вай ба рӯи коғаз расида ғиҷ-ғиҷ овоз мебаровард.
Ҳамин ки Сафар аз дари идора намоён гашт, Мамараҷаб ҳамон дам дафтари қайди мукотиботи колхозро, ки дар як тарафи миз истода буд, гирифта онро ба болои мактуби худ гузошт.

пешина
аз 333
навбатӣ