Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дирӯз ба қисмати ман замини заранг вохӯрда, дар истеҳкомканӣ аз дигарон қафо мондам. Ана ҳамаи гуноҳи ман ҳамин аст.
– Хӯш, сонӣ чӣ шуд?
– Охир ҳамин Дадабойи серҷоғ ин сӯ гузарад ҳам, он сӯ гузарад ҳам, «ҳа, Мамадполвон, ин қадар хурӯс барин суп – сурх шуда рафтӣ» гӯён аз таънаю пичингзанӣ даҳон намепӯшад. Ҷанг фақат як ҳамин рӯз не-ку, мебинем, ба дигарҳо ҳам навбат меомадагист, охир...
Сафар бо завқ хандида, ба роҳбари сиёсӣ гуфтаи Мамараҷабро фаҳмонда дод. Политрук ҳам хандакунон гуфт.
– Оҳо, ана гап дар куҷо будааст. Ин таъна не, танқиди солдатӣ шудааст.
Мамараҷаб аз хандаи онҳо бадтар оташин шуд ва якбора ба ҷӯш омада бисёртар ба Сафар расонда гап зад:
– Мукин аст, ки ман ба худи ту ҳам маъқул набошам, Сафар. Майлаш, ман розӣ, аз он, ки дар назари одамон бад намуда гардам, ба ягон ротаи дигар равам беҳтар...
– Ин гапҳоро баъд дар байни худамон гап мезанем, мефаҳмем, кӣ ба кӣ бад менамояд, – гуфт Сафар дар навбати худ ба Мамараҷаб расонда.
Ванюшин хам ба Мамараҷаб насиҳатомез якчанд сухан гуфт:
– Дар ин ҷо бояд якдигарро бародар барин донист, рафиқ Юсуфов. Баъзеҳо ҳазл, баъзеҳо танқид мекунанд, баъзеҳо аз рӯи манфиати кор ҷӯрагиро як сӯ монда, сахттар ҷазо ҳам медиҳанд. Ҳозир қаҳру ғазабро бисёртар ба тарафи фашист бояд нигаронед. Ана пагоҳ – бегоҳ боз ба ҷанг медароем. Сафари гузашта немиси ба шумо ҳамлакардаро Нозир зада афтонда бошад, ин сафар мумкин аст, шумо якто не, камаш дусе немисро зада нест кунед. Баъд худ аз худ ҳамон касе, ки шуморо таъна додааст, худаш қоил шуда, забонашро газида мемонад. Чӣ гуфтед?
Мамараҷаб аз гуфтаҳои роҳбари сиёсӣ қонеъ шудагӣ барин як нафаси дароз кашида – «Дуруст аст, рафиқ роҳбари сиёсӣ» гуфт.

пешина
аз 333
навбатӣ