Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ё ин, ки амаки шумо ҳам дар ҷанг қафогардии шуморо коҳишкунон хат навиштааст? – бо кунҷковӣ пурсид роҳбари сиёсӣ.
Ин савол ба дили Мамараҷаб як ҷунбиши ногаҳоние ба вуҷуд овард. Дар ин асно ӯ худро дар байни ду олами тамом ба ҳам зид ҳис мекард. Вай ба роҳбари сиёсӣ як нигоҳ карду боз дарҳол аз вай чашми худро канда, сарашро поён фуровард ва бо ангуштонаш як гӯшаи коғази дар дасташ бударо бозикунон хомӯш монд.
– Забони русиро он қадар хуб намедонад, рафиқ роҳбари сиёсӣ, барои ҳамин чӣ гуфтанро надониста монд, – эзоҳ дод Сафар каме тарафгирӣ карда.
– Майлаш, бо забони худаш гап занад, шумо баъд ба ман фаҳмонда медиҳед.
– Гап зан охир. Мамараҷаб, чаро гунг шуда мондӣ?
– Гапи гуфтанӣ набошад, чӣ гӯям? – сарашро набардошта нимғурма гап зад Мамараҷаб.
– Охир амаки Мирбадал чӣ менависад? Мумкин аст, ки туро ёд карда бошад, ё ягон хабари нав навиштагист?
Роҳбари сиёсӣ Ванюшин ҳам илова кард:
– Ё эҳтимол аст, ки худатон диёратонро ёд карда бошед?
– Ҳа, мумкин аст дар ин ҷо зиқ шуда бошӣ? – давоми сухани роҳбари сиёсиро гирифта пурсид Сафар.
– Не, аз зиқ шудан не, – боз нимкора ҷавоб дод Мамараҷаб ва пас аз каме хомӯш мондан бо ҳасрат илова намуд: – росташро гӯям, ҳамеша аз дигарон таъна шунидан ба ҷонам расид.
Сафар гапи ӯро ба роҳбари сиёсӣ фаҳмонда, дарҳол саволи ӯро такрор кард:
– Барои чӣ, чӣ хел таъна?
– Чӣ тавре ки худат медонӣ, дар ҷанги гузашта чӣ тавр шуд, ки дар назди немиси рӯ ба рӯям омада якбора худамро гум кардаму бедасту по шудам. Ҳамон замон Нозир дар наздам пайдо шуда немисро найза зада афтонд. Вақте ки ақиб мегаштем, аэропланҳои немис ҳамаамонро маҷбур кард, ки панаҳ шавем, айбам ҳамин ки ман аз дигарҳо каме дуртар гурехта руст шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё