Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Баъд роҳбари сиёсӣ Ванюшин дар бораи корҳои расмии ҳизбӣ, комсомолӣ, сиёсӣ гап зада, ба Сафар супоришҳо доду баромада рафт.
Дар заминкан Сафар ва Мамараҷаб монданд.
– Хӯш, бародар, мана ман дар ихтиёри ту ҳастам, чӣ матлабе, ки дорӣ, гӯй, – гуфт Сафар наздиктари Мамараҷаб рӯ ба рӯ нишаста.
– Не, ман дар ихтиёри ту ҳастам, – ҷавоб гардонд Мамараҷаб, – ту командир, ман фармонбардори ту.
– Ҳозир ман бо ту на ҳамчун командир, балки фарзанди як деҳаю як халқ гап задан мехоҳам.
– Ман гапи зиёдатӣ надорам, боз мегӯям, ки агар ба назари шумоён бад менамудагӣ бошам, ба ягон ротаи дигар фиристон.
– Мумкин аст баръакс, ман ба ту маъқул набошам?
Гуноҳи ман ҳамин аст, ки дар вақти адои хизмат ҷӯрагиро як сӯ ғундошта, туро ҳам баробари дигарон медонам. Ту бошӣ, аз ин хулосаҳои беҳуда мебарорӣ.
– Ҳар чӣ бошад ҳам, ман дар назди ту айбдор, ба ин иқрор мешавам.
– Масалан?
– Худат медонӣ, гуфтан чӣ ҳоҷат?
– Агар айбу камбудиҳои дар аскарӣ кардаатро бошад, албатта медонам ва барои ин аз рӯи низомнома ба ту чора ҳам дида будам.
– Ман инро намегӯям.
– Набошад аз дигараш ҳеҷ хабар надорам.
– Наход баъзеҳо ба ту хабар надода бошанд?
– Баъзеҳо кӣ, кадом хабар? Билло, ки чӣ гуфтан мехоҳӣ, ҳеҷ намефаҳмам...
Мамараҷаб хомӯш монда «гӯям ё нагӯям» гӯён фикр карду баъд туфашро фурӯ дода, базӯр овоз баровард.
– Зебӣ.
Сафар чашмонашро калонтар кушода бо ҳайрат такрор пурсид:
– Зебӣ?
– Ҳа.
Сафар мақсадро фаҳмиду худашро ба нодонӣ андохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё