Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– НЗ1 гӯед – пурсид роҳбари сиёсӣ.
– Ҳа, рафиқ политрук, ҳар замон шумо барин рафиқонро меваи шаҳрамон гӯён зиёфат мекунам.
– Раҳмат. Хӯш, ҳамин хел шаҳри хуб гӯед?
– Ҷаннат, рафиқ политрук. Агар не нагӯед, ман ба тағоям ва амакам менависам, оилаатонро ба боғамон гирифта мебаранд.
– Раҳмат, монед, онҳоро ташвиш надиҳед, дӯсти азиз.
– Ҳеҷ ташвиш надорад. Шамоли саҳроро хӯрда саёҳат мекунанд. Боғамон ҳам аз шаҳр чандон дур нест, як-якуним километр.
– Ҳа, майлаш, чӣ бадӣ дорад, баръакс, амаку тағои Дадабой ҳам хурсанд ва ҷияни худро дидагӣ барин мешаванд. Матвей Иванович, – гуфт Осмухин таклифи Дадабойро тарафдорӣ карда.
Роҳбари сиёсӣ Ванюшин бо миннатдорӣ ташаккур изҳор кард.
– Хуб, ташаккур, рафиқ Ёрматов, баъд боз гапзанон мекунем. Ман бегоҳӣ адреси занамро навишта медиҳам ва адреси шуморо ҳам навишта мегирам.
– Майлаш, рафиқ политрук, кадом вақте, ки бошад, ман тайёр.
Дадабой аз назди онҳо дур нашуда, Осмухин, Ванюшин ва фармондеҳони взводҳо, ки дар як тараф дар болои хоктӯда ғун шуда менишастанд, қад – қади роҳрав ба тарафи деҳа рафтанд.
Офтоб ба мағриб хамида, тасфи ҳаво торафт паст мешуд. Чангу гардҳои аз роҳҳои серҳаракат ба ҳаво бардошташуда ҳам оҳиста-оҳиста тунук шуда, аз чашм ғоиб мегаштанд. Тӯдаи одамоне ки аз ҷойҳои немисҳо ишғолкарда мегурехтанд, торафт кам мешуд. Танҳо рафтуои мошинҳои боркаш, сабукрав ва баъзан аробаҳои чорчархаи дуаспа канда намешуд. Fулғулаи тӯппарониҳо низ якзайл давом карда, аз ким-куҷои осмон ғурриши ҳавопаймоҳо ба гӯш мерасид. Дар ҳамин хел вақтҳои каме хомӯшӣ аскарҳо бо якдигар шӯхӣ карда мегуфтанд: «Ё немис моро фаромӯш кард,
Ба маънои захираи эҳтиётӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё