Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
ё мо ба ақибгоҳи дур афтода мондем».
Албатта, нисбат ба он марзе, ки ҳоло аз он ҷо садои тӯпу туфангҳо баланд мешуд, ин ҷо ақибгоҳи дури хатти ҷабҳа ҳисоб мешуд. Аммо аз ҳар эҳтимол холӣ набуд, ки пагоҳ ё пасфардо ин ҷо ҳам яке аз марзҳои пешхатти ҷаьҳа гардад.
Дар ин минтақаи мудофиавӣ ротаи Осмухин ду рӯз боз истеҳком месохт. Дар маҳалле, ки дарозиаш қариб ҳазор – якуним ҳазор метри мураббаъ буд, маҳалҳои такягоҳии взводҳо, маҳали такягоҳии асосии рота, маҳалҳои қалбакӣ барои тӯпу миномётҳо, пулемётҳои дастгоҳӣ ва аслиҳаҳои танкзан марзи оташфишонӣ ба вуҷуд оварда мешуд ва чор тарафи ин маҳалро симхорҳо, майдонҳои минакоришуда, дар самтҳои танкгузар чуқуриҳои зиддитанкӣ печонда мегирифтанд.
Дар ҳар ҷо – ҳар ҷо аз майдончаҳои махсус тӯпи 45 – миллиметрии танкзан, миномётҳои 82-миллиметрӣ ва пулемётҳои калибрашон калон мили худро рост ба ғарб, ё ба ғарби ҷанубӣ ва ё ғарби шимолӣ нигаронда меистоданд, ки аз болои онҳо ва гирду пешашон тӯрҳои ноаёнсозӣ кашида шуда буданд. Аз ҳамаи маҳалли мудофиавии рота роҳраву заминканҳо ба якдигар омада пайванд мешуданд.
Взводе, ки отделенияи Сафар ҳам дар ҳайати ҳамон буд, дар тарафи чапи маҳалли мудофиавӣ дар қарибии кӯча ҷойгир шуда буд. Ин тараф – тарафи хатарноки танкгузар ҳисоб мешуд.
– Ин сафар ба ҷои хатарнок афтода мондем-а? – мегуфт Мамараҷаб ба Сафар.
– Дар ҷабҳа ҷои хатарноку бехатар нест, ҷӯра.
Ҳамааш ҳам майдони ҷанг, – ҷавоб медод Сафар аз сангарканӣ даст накашида.
Дадабой ба гап ҳамроҳ шуда мегуфт:
– Агар фаҳмиданӣ бошӣ, дар ҳама ҷо марг аввал аз гиребони тарсончак меқапад, Мамад!
– Ин қадар ту аз маргу тарсончакӣ гап мезанӣ, Дадо? – Мамараҷаб аз сухани Дадабой оташин шуда ранҷида пурсид.
Дар болои ҳамин гап аз ғарб як тӯда ҳавопаймоҳои «Юнкерс» ба шакли секунҷа парвоз карда омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё