Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дар он ҷо ягон хешу табор дорӣ?
– Як тағо ва як амакам дар Ленинобод. Хоҳару модарам дар Қӯрғонтеппа, дар колхоз кор мекунанд, рафиқ лейтенант.
– Мана, зану бачаҳои роҳбари сиёсӣ ҳам ҳозир дар шаҳри ту меҳмон будаанд.
– Бисёр хуб кардаанд. Меҳмони кӣ?
Роҳбари сиёсӣ аз кисаи гимнастёркааш як лифофаи дуқаткардашудае бароварду ба унвони дар поёни вай навишташуда чашм давонда бо овози баланд хонд:
– «Ленинобод, кӯчаи Сурх».
– Ин аз ҳавлии мо як маҳалла боло, медонам.
– Худи шаҳр бисёр гарм мегӯянд-а? – пурсид роҳбари сиёсӣ.
Дадабой ҳар чӣ таърифе, ки дошт ба шаъни Ленинобод гуфта, чунон хулоса баровард, ки гӯё дар олам аз он ҷо беҳтар ҷои зебо, дилнишин, сермева ва боғҳояш хушманзара нест.
– Зардолуяш бисёр мегӯянд-а?
– Дар шаҳри мо касе, ки як бор мазаи зардолуро чашад, дигар ба қанду шириниҳо нигоҳ ҳам намекунад, рафиқ политрук.
– Наход ҳамин қадар ширин бошад?
– Асал барин рафиқ политрук, мана як мазаашро бинед, – гӯён Дадабой ҳамон дам ба кисаи шалвораш даст андохту панҷ-шаш дона қоқи қандакро ба рӯи кафаш бароварда ба политрук ва командири рота дароз кард.
Осмухин ва Ванюшин ба ин рафтори Дадабой бо чашми ҳайрат нигоҳ карда, табассумомез аз дасти вай яктаӣ қоқ гирифтанд.
– Ин коратон ширинкори сирк барин шуд, – гуфт роҳбари сиёсӣ чангу гарди қоқро бо нӯги ангуштонаш пок карда.
– Чӣ, магар ягон халтаашро бардошта омадед? – пурсид Осмухин.
– Рӯзи ба поезд баромадан, модарам камтар савғо карда буд, – ҷавоб дод Дадабой.

пешина
аз 333
навбатӣ