ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳанӯз мардум дар хонаҳошон ҷо ба ҷо нашуда, гулдуроси гулӯлаи тӯп баромад, ва посбонхонаи дарвозаи Қалъа пош хӯрд, ва чӯбу хишту хокаш ба замин фурӯ рехт.
Ва муқовимати беки Ургуту сарбозони куҳнасилоҳаш, ба губернатору аскарони навсилоҳи ӯ, ва ҷанги як даста сарбози музофоту ҷангнадида, бо аскарони ҷангдидаву ғолиби муҳорибаҳои шадиди Дизаку Каттақӯрғону Самарқанд, ва ҷанги ҳифзи ҷон бо ғосибон, чор соату чил дақиқа давом кард; ва аз Қалъа деворҳои шикаставу кӯроташу кӯрдуд ва аз муҳофизон анҷому либосу тани сӯхта, боқӣ монд; ва генерал ба аскарон фармуд, ки «мурдаҳоро барореду дар як ҷо ҷамъ кунед» ва солорони шаҳрро даъват кард, ва майитҳоро нишон дод ба онҳо, ва пурсид:
– Дар байнашон Бек ҳаст?
Солорон ин тарафу он тараф гаштанд, – аз як сар зеҳн монданд ва ҷавоб доданд:
– Бек нест.
– Дурусттар бинед!
Солорон бори дигар чарх заданд, ва ҷасади хунолуди Бекро дар байни дигар ҷасадҳо диданд, вале бо мулоҳизае, ки генерал ҷасади ӯро таҳқир накунад, боз ҷавоб доданд:
– Дар байнашон Бек нест.
– Ҳеҷ мумкин нест, ки набошад. Роҳи гурез набуд.
Ва генерал ба солорон рухсат дод, ки мурдаҳоро гӯронанд. Бо расму одати худ гӯронанд. Имрӯзу фардо, ҳар оине ки доранд, ба ҷо биёваранд, ва Қалъаро тоза бикунанд, ва пасфардо соати даҳи зӯҳр, мардумро дар ҳамин майдон ғун оваранд.
Ва ғун оварданд мардумро, – як сари баланд ба назар намерасид – ҳама сари хам доштанд; ва губернатор дар болойи остонаи баланд рост истода ваъз гуфт:
– Бародарон! Мо ба шумо душман нестем. Мо дӯсти шумо ҳастем, ва бо душманони шумо меҷангем. Императори Аъзами Вся Русия нону ҷон ва пулу мол сарф мекунад, ки ба беадолатиҳо роҳ надиҳад. Ба ҳар ҷое, ки қадамаш расад, адолат биёварад, ободӣ биёварад, дониш биоварад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё