Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ин таъна ба гӯши ҳокими Ҷом расид. Қаҳраш омад мардака. Ва аз пайи он афтод, ки аз ӯ қасос бигирад. Бо ҳамин ният вай боз хӯрҷину дастархон оросту бардошт ва хару хингил карда, ба остонбӯсии губернатор омад, ва дар мавриди шукргузорӣ, ёдовар шуд:
– Лекин ношукрҳо ҳам ҳастанд, ҷаноб. Ба қадри Оқподшоҳ намерасанд. Дар ҳақашон носипосӣ мекунанд.
Худатон беҳтар медонед, масалан, ҳамин беки Ургут, худаш кӣ шудааст, ки ба остонбӯсии губернатор намеояд?!
Боз лоф ҳам зада мегардад, ки ба касе хушомад нагуфтааст ва намегӯяд. Боз аз худатон гап намемонад, ҷаноб.
Ва губернатор ин дафъа ба ӯ шамшер тӯҳфа дод, – як шамшер, ки дар теғаш номи вайро навиштаанд; ва худаш ба сафар тайёр шуд, – «ҳокимон дӯстони мо ҳастанд, ва мардум хайрхоҳи мо ҳастанд, пас дигар мо аз кӣ метарсем?! Айни вақташ аст ба беадабон адабро ёд бидиҳем, ва гардани гарданшахонро зада нарм бикунем».
Ва губернатори Самарқанд генерал Абрамов азми сафари ҳарбӣ кард ба ҷониби Ургут ва Азизмурод писари Рӯзимуродро ҳамроҳ гирифт, ки «аз русӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ, хеле хуб тарҷима мекунад».
Роҳи калони Ургут, ба монанди ҳама роҳҳое, ки аз Самарқанд ба дигар шаҳрҳо ва ба дигар бекигариҳо мебарад, замини похӯрда ва пурхок, ки то алҳол калонтарин нақлиёташ аспароба буд, ҳоло зери чархи тӯпҳои хурду калон як садои ношинос ва ҳавлангез мебаровард, ва чангу ғубораш ба ҳаво хеста, ба сари аскарон ва силоҳҳои дастиву чархии онҳо фурӯ мерехт, ва чӯпону подабонҳойи саҳро, даст болои абрӯ гирифта, ба ин балойи ногаҳонӣ менигаристанд:
– Боз чӣ бало омада бошад?!
Ин бало – як даста савораи мусаллаҳ, ва ду даста пиёдаи мусаллаҳ, ва ду пулемёт, ва як тӯпи дурзан, ки аспҳои чӯбур мекашанд, – бари роҳро пур карда ва ҳама чизи сари роҳро зери сум карда, пеш меомад; ва подабоне аз подабонҳо ҷонҳавл давид сӯйи шаҳр ва ба Қалъа хабар расонд:

пешина
аз 435
навбатӣ