ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Табассум дар лабу кина дар дил аз ҳузури Раис бархест, ба кӯча баромад, ва дар шаш мадраса рафта назди имомҳо ва сӯфиҳо ва толибилмон Раисро ғоибона таҳқирҳо кард, – имонашро фурӯхтааст вай, шаккоконро ҳимоя мекунад вай, аз паси дӯстиаш бо урусҳо мепарад вай…
Ва хурду калон ҳабдаҳ кас шуда ба қозихона омаданд:
– Вай ба футур рафтани дин ҳавасманд. Вай обрӯйи муллоҳоро мерезонад. Шумо ҳамин хел нигоҳ карда мешинед?!
Қозикалон ба ғазаб омад:
– Ман аз аввал медонистам, ки вай лоиқи чунин мансаб нест. Вай шеъа аст. Дар куҷое, ки бошад, шеъагариашро мекунад. Фош кардан даркор инхелаҳоро.
Ва фош кардан оғоз гирифт, – Қозикалон бо одамони худ ва Мулло Абдураҳмон бо монандҳои худ, дар масҷиду дар мадрасаву дар кӯчаю дар бозор, деги таблиғу ташвиқро ҷӯшонданд: «Ҳеҷ нангу номус доред?! Хезед, дину ойинатонро ҳимоя кунед!»
Боору номусҳо кам набуданд дар шаҳр, – аз ҳар гӯшаву канор ва аз ҳар фариқа мардум, дар саҳни ҳар мадрасаву мазор ва лаби ҳавзҳо, омаданду тӯда шуданд муллову ъомӣ, ҳангоматалабу моҷароҷӯ, кӯчагарду даҳоняла…
Ва шӯр доштанд дар сару дар даҳон: «Раиси шиъа ва муфтии муртадро ёбед, кӯбед! Сару даҳонашонро зада бишканед! То касе хаёл накунад, ки дину шариат бепушту паноҳ мондааст».
Ва Қурбонмуроди муфтӣ сарашро гирифта гурехт. Вай ҳамроҳи харкорон, ки ҷониби Каркӣ мерафтанд, аз шаҳри Бухоро берун баромад ва дар нисфи роҳ аз онҳо ҷудо шуда ба тарафи деҳаи Афшана рафт. Дар Афшана дӯсти қадрдонаш Аминҷон, собиқ муфтиаскар, ки баъди сулҳи Зирабулоқ хидмати дарборро тарк карда буд, ӯро дар сару либоси харкорон дид ва фаҳмид, ки балое ба сараш омадааст, ва такковиро раво надид, ва ӯро хушу хуррам ба оғӯш кашид, ва ба меҳмонхона бурд. Дар меҳмонхона баҳузур ҳолу аҳвол пурсиданд, ва баҳузур чой нӯшиданд, ва баҳузур гӯштбирён хӯрданд; ва Қурбонмурод аз воқеъаҳое, ки рӯзҳои охир дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё