ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
…Ва Мулло Абдураҳмон бархест. Вай аз мадрасаи Бадалбек бархест, ва аз саҳар то шом, мадраса ба мадраса гашт, – китфак мезад, фаху фух мекард, ранги рӯяш медамиду мепарид. Ба шӯр омада буд ва дигаронро шӯр андохтан мехост, – ва ба фаҳмиши худаш «вай набошад, дину диёнат тамоман таги по мешуд», ва мударрису толибилме, ки вохӯрад, пеши роҳашро гирифта, аз хавфу хатаре огоҳ мекард, ки ба сари халқу мулк омадааст:
– Гапи вайро гардонда ба даҳонаш задан даркор, ки аз чашмаш алов парад. Ҳамаи мо аҳли шариат не, аҳли шаррият будаем. Ҳамин хел фатво додаст. Ҳамаи мо пойбасти хурофот будаем. Асолати динро наомӯхтаему намедонистаем.
Ҳамин хел гуфтааст…
Ва одамони аз асли гап бехабар Қурбонмуроди муфтиро ғойибона бад диданд. Ин муллову муллобачаҳо, ва ҳатто донову нодони ин мулк чӣ хел мардуманд, ки якдигарро ғойибона бад мебинанду душман мегиранд ва ғойибона зарар мерасонанд. Як пурсидану донистан нест, ки ин даъво ҳақиқат дорад ё надорад. Бинобар ин ба фитна кашидан ва ба балво хезониданашон хеле осон.
Ва Мулло Абдураҳмон осон–осон, ба муқобили Қурбонмуроди муфтӣ, фитна андохту балво хезонд. Худи ӯ олим набуд, ва қариб мутолиъа надошт, ва захираи донишаш аз фарзу суннатҳойи нӯгиостинӣ берун намебаромад, вале ба таври худ як мақому як шӯҳрате дошт, –мансабдорон ӯро ҳамроҳашон гирифта мегаштанд, ва худаш ҳам аз номи амалдорон гап заданро нағз медид: «Раис худашон ба ман гуфтанд…», «Қушбегӣ аз ман пурсиданд…», «Қозикалон пеш аз тӯяшон бо ман маслиҳат карданд…», ва табиист, ки дар он доираҳо шиноси бисёр ва дар байни аҳли мадраса тарафдори бисёре дошт. Ва ҳамаи онҳо ба ӯ ёр ва дар кораш мададгор шуданд, – бедиёнат будаст ин муфтӣ, гуфтанд ва ба кӯчаҳо баромаданд, ва овози эътироз баланд карданд; ва Мулло Абдураҳмон, ки ба онҳо сар шуда буд, ҳаво гирифт, ва ба зидди Қурбонмуроди муфтӣ, аз Қозикалон қазоват, ва аз Раис сиёсат талаб кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё