Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он тарафашро мебинем…» Вай каф кӯфт.
Ҳоҷиб омад, Амир бо нӯги дасташ нишон дод: «ин алҳол ба ихтиёри ту бошад!»; ва Ҳоҷиб Рӯзимуродро ба ҳуҷрае бурд, ки дар шафати ошхона буд ва таъкид кард: «бе рухсати ман ба ҷое нарав ва бо касе сӯҳбат накун!», ва дарро қулф накард; ва Рӯзимурод на маҳбус буд ва на озод; ва рӯзу шабаш дар интизорӣ мегузашт, ва се вақт таомаш медоданд, вале роҳате надошт; ва вақт бағоят оҳиста меҷунбид–бо алам, бо дилгирӣ, маъюсона…
Ва хидматгорони ошхона ин марди бекору тайёрахӯрро бад диданд ва бо кароҳат ба ӯ менигаристанд, ки барояш сахт гарон меомад ва худро даруни ҳуҷра мегирифту рӯйи кӯрпачаи нимдошт дароз меафтид ва андешааш гаштаву баргашта сари як ҷумла меомад: «кори боарзише карда натавонистем!»; ва дар рӯзи ҳабдаҳум Ҳоҷиб ӯро назди Амир бурд ва аз дар дарун карду худаш баргашт ва Рӯзимурод ба рӯйи Амир нигоҳ кард, то аз ваҷоҳаташ рамуз гирад, ки оқибати кораш чист?; ва рамузе гирифта натавонист – аз ранги сахт коҳида ва пӯсти сурхи пармуч, ки тароват надорад, фикру хаёлро пай бурдан ҳеҷ имкон надошт. Ва ӯ амр дод: «шин!», ва Рӯзимурод дар кафшпарто дузону нишаст, ва Амир гуфт, ки «ба гапи зан гӯш кардан, ба шамол гӯш кардан аст. Ман ба гапи зан даромада Абдумаликро ҳоким таъин кардам. Ба гапи зан даромада ба ҷанг рафтам…» ва дам гирифт. Нафасаш номураттаб шуд ва бемадорона се-чор бор сулфид, ва даст бурда аз зери болин коғазе баровард: «хӯҷаини ту Абдумалик нохалаф баромад… Номае ба ӯ навиштам… ғайр аз ману ту дигар ягон ҷондор надонад…» Коғазро сӯи Рӯзимурод дароз кард ва ногаҳон коғаз аз дасташ ба замин афтид ва худаш ҳам ба китф афтид…
Рӯзимурод сахт тарсид, лаҳзае беёд монд, ва бехудона аз ҷояш бархест ва беҳушона ба долон баромад ва гунгу гаранг калавида қадам партофт ва дар ҳамин лаҳза касе аз оринҷаш дошт; ва ӯ дасти одамиро ҳис кард, ба ақиб баргашт ва Амирро дид–ҳамон афту андом, ҳамон ришу бурути сурхча ва ҳамон чашму бинӣ, ва ҳамон нигоҳи тез аз пушти абрӯҳо.

пешина
аз 435
навбатӣ