Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зинда шудааст, хестааст! Ва аз тарс фарёд кашид ва он даст даҳонашро маҳкам дошт ва кашола карда ба хонаи холие даровард ва дар паҳлӯяш шинонд, вале дасташро сар надод: «Натарс! Ҳарчи шуд ба ман гӯй. Росташро гӯ! Дурӯғ нагӯ!» Ва Рӯзимурод рости гапро гуфт ва андаке ба худ омаду шинохт, ки ин одам Амир не, балки тағойии ӯ Остонақул парвоначӣ будааст. Остонақул ба вай об дод ва аз дасташ гирифта ба хонаи хоси Амир бурд. Амир ҷон надошт ва парвоначӣ тааҷҷуб накард, дасту по ҳам нахӯрд–орому чолок майитро бардошт ва дар бистараш хобонид ва ба Рӯзимурод амр дод: «дар ҳамин ҷо шин! Аз ҷоят наҷунб ва ба берун набаро!…»
Ва чор рӯзи расо Рӯзимурод аз хона набаромада мурдабонӣ кард, ва Остонақул худаш ба ӯ таом меовард ва худаш зарфҳойи холиро мебурд, ва ба хона дарояд, дарро аз дарун, ва берун барояд, дарро аз берун, қуфл мекард; ва дар ин муддат Остонақул ба тӯраи валиаҳд, ки дар Кармина меистод, расули хос фиристонид ва ӯро пинҳонӣ ба Бухоро овард ва ҳамаи ин корҳоро ки сомон дод, дар рӯзи панҷум ҳам фавти Амир ва ҳам ҷулуси валиаҳдро эълон кард. Ва ҳамон рӯз Остонақул парвончӣ ба хона даромад ва бори аввал дарро напӯшид ва ба Рӯзимурод гуфт: «Бирав, чор тарафат қибла!», ва Рӯзимурод аз дар берун баромад ва дар рӯйи ҳавлӣ сарбозони хос ӯро дастгир карданд, дастгир карданду бурданд ба саҳни Арк, ба майдони машқи сарбоз, ба таги дор; ва бароварданд болойи кунда ва мефароварданд ҳалқаро, ки ҷорчӣ ҷор кашид: «Дар рӯзи мубораки ҷулуси амир, дар қаламрави аморати Бухоро, одамкушӣ ҳаром аст!»; ва ҳалқаи дорро ба гардани Рӯзимурод наандохтанд; ва ӯ ба мӯи сиёҳ ба Арки Бухоро даромада, аз он ҷо бо мӯи сафед берун омад. Ва дар хона даҳ рӯз аз хоб сер нашуд, ва таҳти дилаш доим сиёҳ буд, гӯё гуноҳи азиме бори дӯшаш бошад ва ӯ кафораи онро дода наметавонад; ва хешовандон қурбонӣ карданд–як гов кушта гӯшту пӯсташро ба пирони барҷомонда, ба беваю бечора доданд; ва ҳамсараш бахшӣ овард, алас кард ва дуди ҳазориспанд баровард.

пешина
аз 435
навбатӣ