ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва сари субҳ Рӯзимурод ба роҳ баромад-офтобро нишона гирифт ва яку нимрӯз пас маҷрои рӯди Омӯро ёфт, ва гоҳ-гоҳ ба авуле ва хонаи канори деҳе хобида, нону обе хӯрда, дар рӯзи панҷум ба шаҳри Бухоро расид; ва рӯзи шашум дасту рӯ шуста, тағири либос карда, ба сад шакку шубҳа, ба саломи Амир рафт. Дарди ваҳмаки Амир хурӯҷ карда буд–аз ваҳм хоби бароҳате надошт, ва барои андармонӣ ва гурез аз ҳарос, дар хазинахона мегашт ва ҳамроҳи хазинадор аз хона ба хона мегузашт–дарун андарун, ва ҳар хона як анбор ва ҳар анбор махсус бо чизе–анбори ҷома, ки ҷомаҳойи рангоранг, муносиби қиматаш, таҳ ба таҳ рах задаанд; анбори шоҳӣ, анбори адрас, анбори латтавори фарангӣ, анбори саллаву миёнбанд, анбори калӯшу маҳсӣ, анбори шираворӣ ва дар пешгаҳ анбори нақдина, ки тангаҳойи тилло ва нуқраро ба саночҳо пур карда, даҳонашро дӯхта, рӯйи тахтаҳои ғафс, болойи ҳам, то ба шифт, хишт барин чиндаанд; ва калиди ин анборро Амир дар нифаи эзораш баста мегардад.
То намози пешин кори Амир ҳамин шуд, ки анборҳоро тамошо кард, ва Рӯзимурод дар айвони Саломхона мунтазир нишаст; ва Амир ба хилват рафта намози пешинро мухтасар хонд ва сипас, ба Рӯзимурод бор дод; ва Амир танҳо, дар болинҳойи махмал каҷпаҳлӯ менишаст ва чеҳраи гирифтаи заҳир дошт, ва сарашро аз муроқиба набардошт, фақат аз зери абрӯ нигоҳи тезе афканд ва тунд пурсид: «чӣ арзи бетаъхир дорӣ?» Ва Рӯзимурод, бо таъзим, коғази бағалашро бароварда, бо ду дасти адаб ба Амир дароз кард: «маро нури чашматон, тӯраи Абдумалик фиристониданд»; ва Амир ҳеҷ мароқе надошт гӯё–чизе напурсид, хомӯш истод; ва Рӯзимурод дид, ки дасте, ки номаро гирифт мадоре надорад; ва Амир коғазро рӯйи зонуяш гузошт ва бо дасти рост сари синаашро хеле молиш дод ва рангаш парид. Дилу бедилон коғазро кушод, хаташро беовоз хонд ва коғазро боз чорқат карда ба кисабағалаш монд ва бе ҳеҷ ҳиссиёт гуфт:
«ту навкари азизи ӯ будаӣ…» Ва таваққуф кард, ва вақт аз гардиш бозмонд, ва Рӯзимурод гӯё одами зинда не, балки сурати деворе буд; ва Амир лаб кушод: «Вай ба мо хиёнат кард, ту бояд бимирӣ!»; ва Амир аз ҷояш хест, рӯбарӯйи Рӯзимурод истод: «Туро ҳар вақт куштан мумкин, алҳол дар ҳамин ҷо бош.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё