Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва худаш баргашт ба Бухоро.
Дар шаҳри Бухоро бо даъвати чаҳор сутуни давлат, машъалҳо афрӯхта буд, ва дафу дойра мезаданд, ки «ваборо тарсонанд;» вале Амир, ба гумони он ки ғалабаи ӯро ҷашн мегиранд, салобат нишон дод, ва бо карру фар ба Арк рафт. Ва консули рус ин воқеаро хабар дод ба генерал–губернатор, ва ӯ гуфт, ки «Худоё, бо ҳамин ақлу тамизашон боз даъвои давлатдорӣ мекунанд»; ва талх хандид; «давои осони ваборо ҳаминҳо ёфтаанд!» Ва аз Петербург духтуронро даъват кард, ва фиристонид ба музофотҳои вабозада.
Абдумалик, бо сад нафар сарбоз, андаруни регзори азим, сарсону саргардон мегашт ва роҳе намеёфт, ки ба ободие барояд,–ба кадом тарафе равад, хоҳ ҷониби Марв, хоҳ сӯи Хева, ба тиру шамшери аскарон дучор меомад; ва ҳар дафъа, ки шикаст хӯрд, паноҳ ба регзори гӯё беҳудуд мебурд; ва то ҷое, ки чашм мерасид, рег буду рег буд, ки хол-хол буттаҳои саксавул дошт, ва по то буҷулак ба рег меғӯтид; ва хомаҳои рег қариб ҳар шаб мекӯчид–ҷояшро иваз мекард; ва ҷонибҳои маҳалро шинохтан ба мушкилае табдил ёфт, ва дарунтару дарунтари ин ҳавзаи хушки дурушт мерафт; ва аз ҷондорон фақат ғунда, калтакалос ва сусмор мехазиданду мегаштанд; ва сарбозони бемадор аз пой биафтанд, баргашта хеста наметавонистанд; ғундаву калтакалос аз дидани одам меҳаросиданд ва ба коми рег фурӯ мерафтанд; вале сусмор аз шахсони беҳол афтода чашмони гуруснаашро барнамедошт; ва торикӣ фуромад, ва як мушт одаму асп дар шикастаи новашакле қарор гирифтанд ва пораи нони қоқе ба оби даҳон тар намуда хӯрданд; ва Абдумалик Рӯзимуродро дуртар аз дигарон бурд ва қоғази чорқате аз бағалкиса баровард: «Ин хат, ба падарам мерасонӣ!»

пешина
аз 435
навбатӣ