Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар роҳ, дар биёбони сӯхта, Мулло Озода аз по монд ва бистарӣ шуд; ва дар ҳузури Абдумалик мусаввадаи коғазҳояшро ба Рӯзимурод дод ва васият кард:
«наҳсие, ки имрӯз ба сари халқ омадааст, ба таҳқиқи ман, фақат айби Амиру вазир нест. Гуноҳи ин маъсият ба гардани аъламу муфтӣ, қозиву мударрис ва муллои нохондаву муллобачаи оламбехабар ҳам меафтад.
Ҳамин тоифа ҳастанд, ки шаръи шарифро шаръи касиф карданд. Солҳоест, ки аз номи Худову пайғамбар, мардумро гумроҳ мекунанд. Имонашон торик шавад, ки мардумро дар торикӣ нигоҳ медоранд. Ҳаминҳоянд, ки амиронро ба мартабаи «сояи Худо дар замин» бардоштаанд. Фатво доданд, ба мағзи аҳолӣ ҷой кардаанд.
Авом бовар кардааст, ки хости Амир хости Худост. Ҳар разолате ба сараш омад, тан дод, ки аз хости Худо ҷои гурез нест…»
Озода ғарибхок шуд,ва дар сарҳад Ашӯри Понсад аз тири сарҳадбонони рус бо аспаш дар оби Омӯ ғарқ гардид; ва бекҳои Ғузор, Шаҳрисабз, Қаршӣ аз Абдумалик рӯ гардониданд – нав карда буданд бекҳоро; ва Абдумалик бо сесад сарбоз ба Чорҷӯ рафт, ки аз ҷумлаи нонталабон қуввае ҷамъ оварад, вале кораш барор нагирифт – вай дар ҳалқа дармонд – аз як тараф сарбозони Амир, аз тарафи дигар аскарони рус. Ва ҳанӯз Амир ба Чорҷӯ нарасида аскари рус ба Абдумалик зарба зад ва ба тарафи регзори беканор, ки ҷо-ҷо саксавул дорад, гурезонд, ва таъқиб мекард, ва фурсат намедод, ки дам рост кунад. Ба шукронаи ин ғалаба Амир номаи миннатдорӣ навишт ба генерал– губернатори Туркистон, ва ба одамонаш фармуд, ки ба гарнизони Чорҷӯ ҳафтод гов, даҳ пуд орд, панҷ пуд сабзӣ, се пуд пиёз ва ҷаву коҳу алаф бурда диҳанд.

пешина
аз 435
навбатӣ